Пайвандҳои дастрасӣ

Муллен: Нерӯи артиши Қаззофӣ даҳ баробар бештар аст


Адмирали амриоӣ Марк Муллен рӯзи панҷшанбе дар Конгресси ИМА изҳор намуд, ки бо вуҷуди зарбаҳои ҳавопаймоҳои эътилофи байнулмилалӣ нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ аз шикаст фарсахҳо дуранд.

Ба гуфтаи ӯ, нерӯи артиши Қаззофӣ даҳ баробар бештар аз нерӯи ошӯбгарон аст.

Дирӯз артиши ҳукуматӣ шаҳри Брега, воқеъ дар шарқи Либияро низ таҳти назорат қарор доданд.

Дар ҳамин ҳол, Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО гуфт, ки паймон ба изҳороти Амрикову Бритониё мувофиқ нест, ки бар пояи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал мусаллаҳ кардани шӯришиён дар Либияро мумкин мехонанд.

Ӯ афзуд, ки рисолати НАТО - дифоъи мардуми осоишта аз ҳамлаҳои нерӯҳои Қаззофӣ аст.

Муаммар Қаззофӣ, дар навбати худ, сарони кишварҳои узви Эътилофи байнулмилалиро «афроди аз қудрат маҷнуншуда» номид.
XS
SM
MD
LG