Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Русия мухолифинро саркӯб кард


Шоми дирӯз кормандони полиси Маскав яке аз фаъолони ҳизби «Русияи дигар» Матвей Криловро лату кӯб карданд.

Ба иттилоъи дафтари ин ҳизб, раиси «Русияи дигар» Эдуард Лимонов ҳамроҳ бо даҳҳо ҷонибдорони ҳизб барои баргузории ҳамоиши бидуни иҷоза дар майдони Триумфалная боздошт шуда буд. Дар ин ҳамоиш мухолифини ҳукумат хостори озодии баргузории ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо шуданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, Эдуард Лимонов баъд аз имзои протокол боздоштгоҳро тарк намуд.

Дар шаҳри Санкт-Петербург дар як раҳпаймоӣ дар майдони Смолний тақрибан сад нафар аз мухолифини ҳукумат, аз ҷумла, сиёсатмадори маъруф Борис Немсов барои чанд соат дастгир шуданд.

Дар ҳамин гуна ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Нижний Новгород кормандони полис аз 10 то 15 нафар фаъолони аҳзоби мухолифи ҳукуматро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG