Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Кувайт ба истеъфо рафт


Муҳаммад Ас-Сабоҳ, собиқ вазири умури хориҷии Кувайт
Муҳаммад Ас-Сабоҳ, собиқ вазири умури хориҷии Кувайт
Амири Кувайт Сабоҳ Ал-Аҳмад Ас-Сабоҳ рӯзи панҷшанбе истеъфои ҳукуматро пазируфт. Кобинаи вазирон ба он хотир истеъфо дод, ки аз бозпурсии вазирон аз сӯи вакилони парлумон ҷилавгирӣ шавад.

Аз ин пеш вакилон дар як нома ба нахуствазир дархост карда буданд, ки вазирони умури хориҷӣ, иқтисод ва иттилоот дар робита ба чанд мушкили сиёсӣ дар парлумон суханронӣ кунанд.

Дар Кувайт ин гуна дархост бо изҳори беэътимодӣ баробар аст. Ҳар се вазир аз сулолаи ҳукумрони Ас-Сабоҳанд.
XS
SM
MD
LG