Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи интихоботи парлумонии Португалия маълум шуд


Анибал Каваку Силва

Анибал Каваку Силва

Интихоботи парлумонӣ дар Португалия рӯзи 5 июн баргузор мешавад. Дар ин бора раисиҷумҳур Анибал Каваку Силва баъд аз машварат бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ хабар дод.

Португалия ба бӯҳрони молиявӣ мувоҷеҳ аст, ки кишварро шояд барои дархости кӯмаки молиявӣ аз Иттиҳодияи Аврупо водор созад.

Ҳафтаи гузашта баъди он ки аҳзоби мухолиф барномаи сарвазири собиқ Жозе Сократеш барои бурунрафт аз бӯҳронро напазируфтанд, кобинаи вазирон ба истеъфо рафта буд.
XS
SM
MD
LG