Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вуруди нерӯҳои посдори сулҳ ба Обидҷон


Лоран Гбагбо ба истеъфо рафтанӣ нест

Лоран Гбагбо ба истеъфо рафтанӣ нест

Ба Обидҷон, бузургтарин шаҳри кишвари Соҳили Оҷ, нерӯҳои посдори сулҳи Фаронса ворид шудаанд. Теъдоди афсарону сарбозон ҳазор нафар гуфта мешавад.

Гурӯҳи алоҳидаи низомиёни фаронсавӣ барои наҷоти шаҳрвандони ҳадафи ҳамлаи ҷонибдорони Лоран Гбагбо қарор гирифтаи Фаронса фиристода шуданд. Аз ин пештар нерӯҳои вафодор ба раисиҷумҳури тозаинтихоб Алассан Уаттар ба шаҳри Обидҷон ҳамла карда буданд.

Лоран Гбагбо дар интихоботи президентӣ шикаст хӯрд ва аммо аз интиқоли қудрат ба ҳарифаш Уаттар сарпечӣ мекунад.

Баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи декабри соли гузашта бар асари задухӯрдҳо миёни ҷонибдорони Уаттар ва Гбагбо дар кишвари Соҳили Оҷ, воқеъ дар ғарби Африқо, беш аз 450 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG