Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дафни Людмила Гурченко маълум шуд


Артисткаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Людмила Гурченко рӯзи 2 апрел дар оромгоҳи Новодевичиеи Маскав макони охират пайдо хоҳад кард.

Иттиҳодияи синамогарони Русия иттилоъи қаблӣ дар бораи рӯзи душанбеи 4 апрел баргузор шудани маросими дафнро рад кард ва эълом дошт, ки маросими видоъ бо ҳунарманди маъруф рӯзи шанбе дар Хонаи марказии адибон доир мешавад.

Людмила Гурченко рӯзи чаҳоршанбе дар синни 76-солагӣ бар асари маризии қабл аз олам даргузашт.

Ӯ солҳои 50-ум баъди иҷрои нақши асосӣ дар филми таҳиягар Элдар Рязанов «Шаби карнавал» маъруф шуд. Людмила Гурченко ҳамчунин дар филмҳои маъруфи «Бист рӯзи бидуни ҷанг», «Вокзал барои ду нафар», «Парвозҳо дар хобу бедорӣ» ва даҳҳои филмҳои дигар нақшҳои асосиро офаридааст.
XS
SM
MD
LG