Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси суханронии Зарифӣ дар Шӯрои Доимии САҲА


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазири умури хориҷӣ дар суханронии худ ба се масъалаи муҳими Тоҷикистону Осиёи Марказӣ таъкид кард.

Иҷрои тааҳудоти Тоҷикистон дар назди САҲА, ширкати фаъоли маҳофили байналмиллалӣ дар бозсозии Афғонистон ва аҳамияти муколамаи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ роҷеъ ба рафъи мухолифатҳо перомуни обу энержӣ аз нукоти муҳим дар суханронии Ҳамроҳхон Зарифӣ буд.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, кишварҳои Аврупо дар масъалаи истифода аз оби рӯдхонаи фаромарзии Дунай таҷриба андӯхтаанд ва онро мешавад барои рафъи мушкилоти обу энержии Осисёи Марказӣ низ истифода кард...


Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ ба масъалаҳои ҳуқуқи башар низ таъкид кард ва гуфт, ки кишвараш роҷеъ ба демократизатсия, озодиҳои бунёдии инсон, авлавияти қонун ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ тааҳҳудоти худро дар назди САҲА иҷро мекунад.

Вай афзуд, "масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла озодиҳои мазҳабӣ ва озодии матбуот бояд бо назардошти манофеи амниятӣ ва субот дар ҷомеа мавриди санҷиш қарор бигирад."

ВОКУНИШИ КАБИРӢ

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ
Аммо вокуниши баъзе аз қишрҳои ҷомеа ба ин нукот дар Тоҷикистон ҳамсон нест. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва намояндаи парлумон аз ин ҳизб, дар вокуниш ба суханронии ҷаноби Зарифӣ роҷеъ ба ин масъала мегӯяд, "САҲА барои арзёбӣ аз озодиҳои мазҳабиву озодиҳои матбуот бояд меъёрҳое таъйин бикунад."

Ба гуфтаи вай, "бардошт ва шинохти ҳар кадоме аз кишварҳо аз ин меъёрҳо гуногун аст. Тоҷикистон барои риоя накардани ӯҳдадориҳои худ аз тарафи аъзои дигари ин созмон борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст ва мо дар навбати худ мегӯем, ки “на, мо иҷро карда истодаем” ва ин баҳодиҳӣ муносиб ва одилона нест. Хеле душвор аст гуфтан, ки воқеан кишвари мо риоя карда истодааст ё не. Бояд, ки САҲА меъёрҳои мушаххас ва возеҳу равшанро дар дохили худ қабул кунад, то баъд аз он мо бигӯем, ки воқеан ин кишвар ё кишвари дигар онро риоя карда истодааст ё не. Ҳадди ақалл дар Иттиҳодияи Аврупо ин масоил хеле мушаххасу равшан ҳастанд ва ҳар кишвари узв наметавонад ба таври худ ин масъалаҳоро шарҳу тафсир кунад.”

АЗ ОЗОДИИ БАЁН ТО АМНИЯТИ МИНТАҚА


Ҳамроҳхон Зарифӣ ҳангоми суханони худ дар Шӯрои Доимии САҲА гуфт, "Озодии матбуот ва озодии баён набояд бо қонунҳои мавҷуда муғойират дошта бошад ё аз одобу меъёрҳои касбии рӯзноманигорӣ хориҷ шавад."
Раҳматулло Зойиров: Агар муҳити Тоҷикистонро бигирем, худи ҳамин намояндаи ҳизби сиёсӣ ё намояндаи созмони ғайридавлатиро душмани халқу душмани давлат эълон мекунанд...


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат роҷеъ ба масъалаҳои амниятии Осиёи Марказӣ тавзеҳ дод, ки амният дар минтақа бо амният дар Афғонистон пайванди ногусастанӣ дорад ва Тоҷикистон 1 ҳазору 400 километр марзи муштарак дорад ва он қисмати ҳассоси марзӣ ба шумор меравад.

Ба гуфтаи вазир, ҳамкориҳои амалӣ бо Афғонистон, аз қабили эҳдоси хатти баландшиддати интиқоли барқ, тамрини коршиносони низомӣ ва ғайринизомӣ, сохтмони роҳҳои мошинрав ва роҳи оҳан, ки ду кишварро бипайвандад, метавонад ба бозсозии Афғонистон кӯмак кунад. Вай афзуд, “наметавон танҳо аз роҳи низомӣ амнияти Афғонистонро таъмин кард”.

МУКОЛАМА БАРОИ РАФЪИ ИХТИЛОФОТ

Зимни суханони худ вазир аз кӯмакҳои САҲА дар таҳкими марзҳои ҷанубии Тоҷикистон изҳори сипос кард ва хост, ки ин ҳамкориҳо дар оянда низ густариш ёбад ва САҲА барои баргардонидани хатари ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон ёрӣ расонад.

Нуктаи муҳими дигар, ки дар суханронии Ҳамроҳхон Зарифӣ ҷалби таваҷҷӯҳ мекард, ба масъалаҳои зистмуҳитӣ дар минтақа иртибот дошт. Ба назари Тоҷикистон, САҲА барои фароҳам овардани заминаҳои музокирот ё муколама метавонад нақши калидӣ дошта бошад, то ихтилофоти пешомада рафъ шавад.

Дар вокуниш ба ин пешниҳоди ҷаноби Зарифӣ баъзе аз сиёсатмадорони тоҷик ҳамфикрии худро изҳор доштаанд. Масалан, Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, агар касе шаш моҳ пеш масъалаи муколамаро пешниҳод мекард, шояд баъзе доираҳои сисёсӣ аз вай интиқод мекарданд. Вале акнун вазъ тағйир кардааст ва пешниҳоди вазир метавонад пешниҳоди ҳамаи қишрҳои ҷомеа талақӣ шавад.

ЗОЙИРОВ: "МУҲИТИ ИДЕОЛОГӢ ДИГАР ШАВАД"

Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҲСДТ
Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, низ дар ин бора муколамаро роҳи баррасӣ ва ҳалли ихтилофот медонад, вале пешниҳоди худро дорад: "Имрӯз муколама бояд танҳо дар байни давлатҳо ва ё мақомоти давлатӣ маҳдуд нашавад. Муколама маънои онро дорад, ки субъектҳои муколама бояд гуногун бошанд, мисли дипломатияи халқӣ ва аз ин қабил. Лекин агар муҳити ҷомеаи Тоҷикистонро бигирем, худи ҳамин намояндаи ҳизби сиёсӣ ё намояндаи созмони ғайридавлатиро душмани халқу душмани давлат эълон мекунанд. Дар чунин муҳит, сараввал бояд дар Тоҷикистон ин муҳити идеологиро дигар кунем."

Дар пешниҳоди Ҳамроҳхон Зарифӣ дар Шӯрои Доимии САҲА омадааст, ки як системаи воҳиди ҳамаҷонибаи идораи умури марбут ба обу энержӣ ташкил шавад ва чунин система метавонад аз роҳи муросо заминаҳои ҳалли ин масъаларо барои кишварҳои минтақа дар дарозмуддат фароҳам орад.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки кишварҳои Аврупо дар масъалаи истифода аз оби рӯдхонаи фаромарзии Дунай таҷриба андӯхтаанд ва онро мешавад барои рафъи мушкилоти обу энержии Осисёи Марказӣ низ истифода кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG