Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бар асоси қуръакашӣ, ки дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия, дар қароргоҳи AFC, доир шуд, дар сабқати интихобии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2012 дар гурӯҳи “В” бо тимҳои Баҳрайн, Урдун, Қатар, Кувайт ва Бутан бозӣ хоҳад кард.

Шаш созмони миллии футбол - Камбоҷа, Қирғизистон, Муғулистон, Филиппин, Шри-Ланка ва Тимори Шарқӣ аз ширкат дар сабқати қитъавӣ даст кашиданд.

Натиҷаҳои қуръакашӣ:


Гурӯҳи “A”: Арабистони Саъудӣ, Ироқ, Умон, Бангладеш, Непал, Ҷазоири Молдив.

Гурӯҳи “B”: Баҳрайн, Урдун, ТОҶИКИСТОН, Қатар, Кувайт, Бутан.

Гурӯҳи “С”: Узбакистан, Ирон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркманистон.

Гурӯҳи “D”: АМА, Сурия, Яман, Фаластин, Лубнон.

Гурӯҳи “E”: Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Тайланд, Ҳонконг, Гуам, Тайван.

Гурӯҳи “F”: Кореяи Шимолӣ, Ветнам, Малайзия, Мянмар, Лаос.

Гурӯҳи “G”: Австралия, Чин, Индонезия, Сингапур, Макао.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG