Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО мегӯяд, шӯришиёни Либияро мусаллаҳ намекунад


"Мо барои муҳофизати мардум дар онҷо ҳастем, на барои мусаллаҳ кардани онҳо."
"Мо барои муҳофизати мардум дар онҷо ҳастем, на барои мусаллаҳ кардани онҳо."
Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО имрӯз гуфт, ин паймон ба изҳороти Амрикову Бритониё мувофиқ нест, ки гуфтаанд, бар асоси дастури Созмони Милал мусаллаҳ кардани шӯришиён дар Либия мумкин аст. Ӯ гуфт, ҳадафи маъмурияти онҳо ҳифзи ғайринизомиён аз ҳамлаҳои нерӯҳои Муаммар Қаззофӣ аст: "Ончӣ ба НАТО иртибот мегирад, мо комилан қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милалро иҷро хоҳем кард ва таҳрими фурӯши силоҳро назорат хоҳем кард, то моне ъи интиқоли силоҳ ба Либия шавем. НАТО ин бахши қатъномаи Шӯрои Амниятро иҷро мекунад ва мо барои муҳофизати мардуми Либия дар он ҳастем, на барои мусаллаҳ кардани онҳо." Ва айни замон шӯришиён дар он кишвар таҳти фишори нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ аз такягоҳҳои худ дар шарқи Либия ақибнишинӣ мекунанд. Нерӯҳои Қаззофӣ бо ҳамла бо танкӯ тӯпхонаҳо ба канораҳои шаҳри Аҷдабия, 160 километрии шаҳри Бенғозӣ, такягоҳи аслии шӯришиён расидаанд.
XS
SM
MD
LG