Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти гумрук мегӯяд, ин маводи кимиёвӣ эҳтимол барои тавлиди маводи мухаддир истифода мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаи боздошт ва ошкорсозии ин миқдори маводи кимиёвӣ ва ё прекурсорро бесобиқа меҳисобанд. Манобеи гумрук гуфтаанд, ки қочоқбарон қасд доштаанд ин маводи кимиёвиро ба Афғонистон интиқол диҳанд.
Боздошт ва мусодираи ин миқдори бузурги маводи кимиёвӣ, ки аз роҳи қочоқ вориди Тоҷикистон шудааст, барои бори аввал рух медиҳад...


Ҳодисаи боздошти ин миқдори бузурги маводи кимиёвии ғайриқонунӣ дар ҳудуди ноҳияи Исфара дар наздикии осоишгоҳи «Зумрад» рух додааст. Бар асоси иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, гурӯҳи зудамали ин ниҳод дар ноҳияи Исфара ҳангоми азназаргузаронии бордони мошини борбари навъи «ЗиЛ» маводеро ошкор мекунанд, ки ҳеҷ гуна асноди расмӣ надорад.

Абдураҳими Умариён
Абдураҳими Умариён, як корманди Маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни санҷиш маълум мешавад, ки ин мошин аз Қирғизистон ба Тоҷикистон пинҳонӣ ворид шудааст.

Пас аз ташхиси маҳсулоти бордони мошин ошкор мешавад, ки он навъе аз маводи кимиёвӣ буда, нафари интиқолдиҳанда як хонум аз шаҳри Конибодом аст: "Маълум гардид, ки ин маҳлул ба гурӯҳи прекурсорҳо дохил шуда, ҳаҷми он дар маҷмӯъ 7288 килоро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки ин миқдор маҳлул ба таври ғайриқонунӣ вориди кишвари мо шуда, ба шаҳрванд Бегиматова Муҳаббат сокини ноҳияи Конибодом тааллуқ дорад."

Боздошт ва мусодираи ин миқдори бузурги маводи кимиёвӣ, ки аз роҳи қочоқ вориди Тоҷикистон шудааст, барои бори аввал рух медиҳад. Ба гуфтаи Алишер Ташрифов, сардори шӯъбаи Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон воридот ва содироти маводи кимиёвӣ, ки эҳтимоли истифодаи он барои тавлиди мухаддирот вуҷуд дорад, таҳти назорат қарор дорад.



Аммо афзуд ҷаноби Ташрифов, ҳанӯз наметавон бо итминон гуфт, ки маводи кимиёвии боздоштшуда маҳз барои тавлиди маводди мухаддир истифода шавад: "Корхона иҷозатнома мегирад барои фаъолият дар соҳаи муомилоти қонунии прекурсорҳо. Баъдан барои воридот ба қаламрави Тоҷикистон шаҳодатнома мегирад ва тибқи ҳамон шаҳодатнома аз дигар кишварҳо прекурсорҳо ворид карда мешаванд. Назорати қонунии муомилоти прекурсорҳоро Оҷонсӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ваколатдор ба танзим медароранд."

Аммо бо ин вуҷуд бархе аз коршиносон баъид намедонанд, ки ин навъи маводи кимиёвӣ барои тавлиди маводи мухаддир истифода шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ин замина парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ карда, ҳодисаи боздошти ин миқдори маводи кимиёвиро дар шумори ҷиноёти фаромиллӣ шомил кардаааст.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар бораи истеҳсоли кадом кишвар будани ин маводи кимиёвӣ ва ҳамдастони дигари ин хонуми конибодомӣ ба хотири халал науфтодан дар кори тафтишот маълумот надод. Вале гуфта шуд, ки шарикони дигари ин ҳодиса дар ҳоли ҳозир таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG