Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олӣ мурофиаи фирориёни зиндони Кумитаи амнияти миллиро пушти дарҳои баста шурӯъ кардааст.

Маркази матбуоти Додгоҳи Олӣ ин хабарро таъйид кард, аммо аз додани тафсилоти бештар ба далели комилан махфӣ будани ин раванд худдорӣ намуд. Як масъули ин марказ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунин тасфилотро
Аз он ҷо гурехтан ҳеҷ имкон надорад. Он ҷо се дарвоза дорад. Деворҳояшро солҳои сиюм сохтаанд, ки хеле ғафсанд. Ҳама оҳанкорӣ шудааст...
дар ихтиёр надоранд.


Аммо бар асоси иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 12 тан аз 25 фирории боздоштгоҳи муваққатии ин кумита дар маркази Душанбе то ба ҳол дастгир ва 3 тани дигар кушта шудаанд.

ФИРОРИЁН ВА АЪЗОИ ҲИУ

Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумита ба радиои "Озодӣ" гуфт: "Аз 15 нафар 3 тан кушта ва 12 нафари дигар зинда дастгир шуданд. Аз ин 12 нафар се тани онҳо дар Афғонистон монданд. 9 нафари дигар ҳоло дар ихтиёри Тоҷикистон ҳастанд."

Ҷаноби Бӯриев афзуд, дар қатори 9 зиндонии фирорӣ, 2 нафари дигар-сокинони Исфара ва Истаравшан, аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон, ки ба Ҳикматулло Азизов (Кӯри Малиш), Баҳром Орифҷонов ва се афғон дар шарқи Тоҷикистон пайваста будаанд ва дар Афғонистон боздошт шуданд, низ ҳамҷавобгари фирориён дар мурофиа мебошанд.



Ҳудуди 10 вакили дифои маҳкумшудаҳо ба Радиои Озодӣ изҳор доштанд, ки ба делели махфӣ будани парванда ҳаққи сӯҳбат карданро надоранд. Яке гуфт, барои ифшо накардани ҷузъиёти парванда ҳатто ба санаде имзо гузоштаанд.

ПУШТИ ДАРҲОИ БАСТА

Дар бораи иттиҳомоти алайҳи нафарони таҳти ҳимояташон дар кул гуфтанд, ки онҳо дар куштор, бандитизм, нигаҳдории аслиҳа, роҳзанӣ, дуздӣ, тасарруфи яроқи оташфишон муттаҳам мешаванд.

Иттилоъ дар бораи шурӯи мурофиаи додгоҳии фирориён ва ҳамдастони онҳо қабл аз ҳама дар Шабакаи аввали Тоҷикистон, шаби 30-юми март, пахш шуд. Аммо хешовандони фирориён, ки бидуни микрофон бо мо сӯҳбат карданд, мегӯянд, мурофиа ҳанӯз қабл аз таҷлили иди Наврӯз оғоз шуда, аммо то ба ҳол ҳеҷ яке аз онҳо ба толори мурофиа иҷозаи вуруд пайдо накардаанд.

Оиша Мирзоева, хоҳари Абдурасул Мирзоев, як зиндонии фирорӣ мегӯяд, бо вуҷуди шурӯи мурофиа бо кӯшишҳои зиёд натавонистааст, ки ба дидори бародараш расад ва танҳо ӯро дар телевизион дидааст: "Якташ хешутабори Абдурасул Мирзоев манам ва ҳамроҳи фарзандаш ҳастем, ки аслан дар ин бора хабаре надорем. Адвокаташ ҳам даромада буд, гуфт, ки ҳатто аз наздик надидаанд, аз дур нишон додаанд."

Пушти дарҳои баста баргузор шудани мурофиаи зиндониёни фирории боздошгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз 22-юми августи соли гузашта то ба ҳол мақомот сабабҳои рух додани ба таъбир, ин "фирори аср" дар ҳайати 14 шаҳрванди Тоҷикистон, 5 табааи Русия, 4 нафар аз Афғонистон ва 2 тан аз Узбакистонро рӯшан накардаанд.

"АЗ ХОРИҶИЁН ГИЛАМАНД НАБОШЕМ"

Сайидамир Зуҳуров

Фирори зиндониёнро коршиносон, аз ҷумла кори дасти хадамоти махсуси хориҷӣ унвон карда буданд. Аммо Саидамир Зуҳуров, собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар сӯҳбати пештаре, ки бо радиои "Озодӣ" дошт, сабаби ин фирорро ба паст будани касбияти кормандони боздоштгоҳ рабт дода буд.

Вай аз ҷумла гуфта буд, "ин ноӯҳдабароии ҳам кормандони маҳбас ва ҳам собиқ Кумитаи амният буд. Аз он ҷо гурехтан ҳеҷ имкон надорад. Он ҷо се дарвоза дорад. Деворҳояшро солҳои сиюм сохтаанд, ки хеле ғафсанд. Ҳама оҳанкорӣ шудааст. Аз ягон хориҷӣ гиламанд шудан даркор нест. Хориҷӣ он ҷо чӣ кор мекунад? Агар коре аз дасташ меомад, ҳамаро мегирифту мебурд, на ин ҷо куштаву боздошт мешуданд. Зӯрамон, ки омад домани хориҷиро медорем."

Дар пайи ин фирори дастаҷамъона раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов ва муовинонашро барканор кард ва Саймӯъмин Ятимовро раҳбари ин ниҳод таъйин намуд. Бар асоси иттилои расмӣ, баъд аз ин сарвари вақти боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон ҳаштуним ва як корманди он ба дувуним сол равонаи зиндон шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG