Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё мегӯяд, ҳукумати Қаззофӣ фӯру мерезад


Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё, мегӯяд, рӯ тофтани Мӯсо Кӯсо, вазири умури хориҷаи Либия, аз ҳукумати Муаммар Қаззофӣ нишон медиҳад, ки режими раҳбари Либия “аз дарун фӯру мерезад”. Вилям Ҳейг, имрӯз гуфт, Мӯсо Кӯсо, ки рӯзи чаҳоршанбе вориди Бритониё шуд, аз ҳаққи масӯният аз таъқиби ҷиноӣ дар дохил ва хориҷи Бритониё бархурдор нест. Айни замон паймони НАТО, фармондеҳии тамоми амалиётҳои низомии ҳавоӣ дар Либияро бар дӯш гирифт. Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли паймон, гуфт, ҳадафи маъмурияти онҳо ҳифзи ғайринизомиён аз ҳамлаҳои нерӯҳои Муаммар Қаззофӣ аст. Ӯ ҳамчунин гуфт, аъзои НАТО ба ин изҳороти Амрикову Бритониё мувофиқ нест, ки гуфтаанд, бар асоси дастури Созмони Милал мусаллаҳ кардани шӯришиён дар Либия мумкин аст.
XS
SM
MD
LG