Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кувайт, дипломатҳои эрониро ихроҷ мекунад


Кувайт эълом кард, ки чанде аз дипломатҳои эрониро барои иртиботашон ба як ҳалқаи ҷосусӣ, ки гӯё ба нафъи Эрон кор мекардаанд, аз кишвар меронад. Дар ин бора Муҳаммад Ал-Сабоҳ, вазири умури хориҷаи Кувайт сухан гуфт. Ду рӯз пеш аз ин додгоҳи Кувайт се муттаҳам ба ҷосусӣ ба нафъи Эронро ба қатл маҳкум кард. Се нафар ду шаҳрванди Эрон ва як кувайтӣ моҳи майи соли 2010 боздошт шуданд ва бино ба гузоришҳо онҳоро ба ҷамъоварии итиллоъот дар бораи таъсисоти низомии Кувайт ва ҳам Амрико дар Кувайт муттаҳам шудаанд. Эрон ин иддаъоҳоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG