Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашӣ, ки дар қароргоҳи Конфедератсиюни футболи Осиё – шаҳри Куала – Лумпури Малайзия доир шуд, дар даври дувуми Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими миллии Сурия бозӣ хоҳад кард.

Бозии аввал рӯзи 11-уми июл дар шаҳри Димишқ ва бозии ҷавобӣ 28-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Барои ширкат дар ин мусобиқот 43 тими миллӣ дархост додааст. Дастаҳо барои 4,5 ҷой ба сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳон дар Бразил талош хоҳанд кард.

Нахуст 16 дастае, ки рейтинги паст дорад, вориди рақобат мешавад. Дастаҳо ҳашт ҷуфтро ташкил медиҳанд ва дар майдони худ ва майдони рақиб – 29-уми июн ва 3-юми июл қувваозмоӣ мекунанд.

Ҳашт дастаи ғолиби даври аввал ба 22 дастае, ки рейтинги баландтар дорад, ҳамроҳ мешавад.

Ҳамин тариқ, 30 даста дар даври дуввум 15 ҷуфтро ташкил хоҳад дод. Бозиҳо дар хона ва меҳмонӣ – 11-ум ва 28-уми июл барпо мегарданд.

Баъдан 15 дастаи ғолиби даври дуввум ба панҷ дастае, ки рейтинги баландтарин дорад (Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Кореяи Шимолӣ ва Баҳрайн) ҳамроҳ мешавад.

Ба ин тартиб 20 даста бар асоси қуръакашӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим хоҳад шуд. Дар даври саввум бозиҳои гурӯҳӣ аз 2-юми сентябри соли 2011-ум то 29-уми феврали соли 2012-ум баргузор мешаванд.

Натиҷаҳои қуръакашӣ

ДАВРИ АВВАЛ:

1. Малайзия – Тайван
2. Бангладеш – Покистон
3. Камбоҷа – Лаос
4. Шри-Ланка – Филиппин
5. Афғонистон – Фаластин
6. Ветнам – Макао
7. Непал – Тимори Шарқӣ
8. Муғулистон – Мянмар

Бозиҳои аввал - 29 июн, ҷавобӣ – 3 июл.

ДАВРИ ДУВУМ:

1. Тайланд – Афғонистон/Фаластин
2. Лубнон – Бангладеш/Покистон
3. Чин – Камбоҷа/Лаос
4. Туркманистон – Индонезия
5. Кувайт – Шри-Ланка/Филиппин
6. Умон – Муғулистон/Мянмар
7. Арабистони Саъудӣ – Ҳонконг
8. Эрон – Ҷазоири Молдив
9. Сурия – ТОҶИКИСТОН
10. Қатар – Ветнам/Макао
11. Ироқ – Яман
12. Сингапур – Малайзия/Тайван
13. Узбакистон – Қирғизистон
14. АМА – Ҳиндустон
15. Урдун – Непал/Тимори Шарқӣ

Бозиҳои аввал - 11 июл, ҷавобӣ – 28 июл.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG