Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Камшавии обу мушкилоти бебарқӣ ва омодагиҳо ба интихоботи ҳавзаи "Сино" аз муҳимтарин матолиби нашрияҳост.

"Пажвок" дар матлабе мавзӯи мушкилоти барқ ва баҳсҳои обӣ дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта, навиштааст, ки "якбора паст шудани сатҳи оби обанбори "Норак" ва нобаҳангом ҷорӣ кардани маҳдудият дар истифодаи нерӯи барқ дар кишвар, ҳамаро ба ҳолати ногувор гирифтор ва майдони баҳсҳоро пурсарусадо кардааст."
Бозори Собир: агар мақсаду маром дар ҳақиқат миллати якпорчаю яклухт ва ҷумҳурии ҳамагонӣ сохтан бошад, вазифаҳоро дар миёни ҳама маҳалу ноҳияҳо баробар тақсим кардан даркор, аз аввал то ба охирин...


НИГАРОНИИ УЗБАКИСТОН

"Имрӯз нюс" зери номи "Камшавии об дар Вахш узбакҳоро ба ҳарос овард!?" матлаберо чоп карда, ки аз нигаронии ҷониби Узбакистон дар бораи камшавии об дар обанбори "Норак" ва рӯди Вахш ҳикоят мекунад.

Ба навиштаи ин нашрия, масъулон дар Узбакистон "сабаби кам гардидани оби рӯдхонаро на дар номусоидии ҳарорати ҳаво, балки дар он медонад, ки Тоҷикистон қасдан пеши дарёро бастааст. Ба гуфтаи Сарвар Рашидов, норасоии об дар Норак ба он вобастааст, ки "қисми асосии об ба обанбори Роғун меравад". Нашрия хулоса кардааст, "Узбакистон ҳарос дорад, ки ҷониби Тоҷикистон дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун, аз обанбори он ҳамчун фишанги сиёсӣ истифода хоҳад кард."

БА ҶОИ АЗИМОВ: ХАЙРУЛЛОЕВ Ё ЗУҲУРОВ?

"Озодагон" дар матлаби таҳлилии "Интихобот дар "ҳавзаи шавқовар", "мудаии вакили парлумон шудани Амирқул Азимовро аз он ҷиҳат ғайриинтизор донистааст, ки эҳтимол раҳбарияти кишвар бо бар курсии вакилӣ бурдани генерал Азимов ният доранд дар сохтору масъулиятҳои Шӯрои амният тағйироте анҷом бидиҳанд. Аз ҳамин ҷост, ки муаммои навбатӣ, пешорӯи таҳлилгарон як аст: ба ҷои Азимов кӣ котиби Шӯрои амният хоҳад шуд?"
Фараж: дар ҳоле ки баҳси марз бо Чин ҳалшуда ҳисоб меёбад, дар Чоркӯҳи Исфара қирғизҳо боғҳоро ба хок яксон менамоянд...


"Азия-Плюс" шонси Шералӣ Хайруллоев ва Абдураҳим Қаҳҳоров, вазирони дифоъ ва корҳои дохилӣ ба мақоми дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистонро бештар донистааст. Ҳамзамон нашрия ин фарзияро низ пеш меорад, ки "имкони таъйини Сайидамир Зуҳуров, раиси идораи ҳифзи сирри давлатӣ ба мақоми дабири Шӯрои амният вуҷуд дорад."

МО АЗ КӢ ҚАРЗДОРЕМ?



"Фараж"
шабохуни изомиёни қирғиз ба ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфараро ба баррасӣ гирифта, дар матлабе зери сарлавҳаи "Мо боз аз кӣ замин қарздорем?" навиштааст, "дар ҳоле ки баҳси марз бо Чин ҳалшуда ҳисоб меёбад, дар Чоркӯҳи Исфара қирғизҳо боғҳоро ба хок яксон менамоянд." Дар идомаи ин матлаб нашрия навиштааст, ки "мо бояд коре кунем, ки миёни мову Қирғизистон, ки хеле ҳамсояҳои дӯст ҳастем, ҳамагуна муноқиша бо роҳи гуфтушунид ва дар сатҳи ҳукуматӣ ҳалли худро ёбад. Зеро ҳар ду кишвар ҳам шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ шудаанду бесуботӣ ва хунрезиҳоро намехоҳанд."

БОЗОРИ СОБИР ВА БӮИ МАҲАЛ

"Миллат" қайдҳои роҳи сафари Бозор Собир ба Амрикоро дар матлабе зери сарлавҳаи "Ленинободиҳо миллат сохта натавонистанд, инҳо ҳам наметавонанд, агар..." ба чоп расонидааст. Ин нашрия аз қавли шоир навиштааст, ки "зоҳиран ҳар як тоҷик патриот аст. Дар бораи ватану ватандорӣ ва миллату миллатдорӣ чунон гап мезанад, ки лабаш ҳамчун лаби шутури маст кафк карда, аз чашмонаш шарора мерезад. Вале ботинан маҳалчии гузарост, хоҳ олим бошад, хоҳ омӣ Тоҷику Тоҷикистони ӯ маҳз маҳали худаш аст."
Абдусаттор Нуралиев: Қаблан ҳукумати Русия чунин иқдомро ба кишвари Қирғизистон низ карда буд. Вале дипломатияи ин кишвар тавонист, ки ҷонибҳоро ба тавофуқ расонад, аммо маълум нест, ки ҷониби Тоҷикистон ба ин масъала расидагӣ карда бошад ё не?


Ба навиштаи Бозор Собир "агар мақсаду маром дар ҳақиқат миллати якпорчаю яклухт ва ҷумҳурии ҳамагонӣ сохтан бошад, вазифаҳоро дар миёни ҳама маҳалу ноҳияҳо баробар тақсим кардан даркор, аз аввал то ба охирин. Он гаҳ на шиори ваҳдату оштӣ лозим аст ва на ҳангомаи миллатдӯстӣ. Ҳамааш худ ба худ ҳал мешавад ва хеле олӣ."

БОҶИ ГУМРУКӢ: СИЁСӢ Ё ИҚТИСОДӢ?

"Наҷот" ба суоли "Боло бурдани боҷи гумрукӣ масъалаи сиёсист ё иқтисодӣ?" назари чанд тан аз таҳлилгарону коршиносонро пурсидааст. Абдуқодири Абдуқаҳҳор, раиси радиои "Тоҷикистон" дар посухи ин суол гуфтааст, "боло бурдани боҷи гумрукӣ ҷанбаи сиёсӣ дорад. Ин иқдоми Русия мисли ҷилавгирӣ аст. Яъне кадом вақте, ки лозим омад, ҷилавгири кишвари мо мешавад».

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик низ ин масъаларо сирф сиёсӣ медонад ва мегӯяд, "агар ин масъала иқтисодӣ мебуд, боҷи муайяншуда барои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамсон мебуд". Аммо Абдусаттор Нуралиев, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, ба ин бовар аст, ки боло бурдани боҷи гумрукӣ аз ҷониби Русия масъалаи иқтисодӣ аст. Ҷаноби Нуралиев гуфтааст, "қаблан ҳукумати Русия чунин иқдомотеро ба кишвари Қирғизистон карда буд. Вале дипломатияи ин кишвар тавонист, ки ҷонибҳоро ба тавофуқ расонад, аммо маълум нест, ки ҷониби Тоҷикистон ба ин масъала расидагӣ карда бошад ё не?"

ДУШАНБЕ ВА ГЕНПЛАН

"Вечерний Душанбе" дар робита ба нигаронии сокинони пойтахт аз тахриби хонаҳои истиқоматӣ ва ба маҳалли дигар кӯч дода шудан матлаберо зери сарлавҳаи "Нақшаи генералии шаҳри Душанбе - чӣ, дар куҷо ва кай?" чоп карда, дар хитоб ба шаҳрвандон навиштааст, ки "сокинони шаҳри Душанбе, кадом аз биноҳо дар куҷо воқеъ хоҳанд шуд ва тахриби манзилҳо дар куҷо сурат мегирад, набояд мояи нигаронӣ ва ҳангома бошад. Зеро тахриб ва кӯч додани хонаҳо ба тадриҷ ва марҳала ба марҳала анҷом мешавад. Сокинон аз қабл огоҳ карда мешаванд ва онҳое, ки хонаҳояшон таҳти тахриб қарор мегиранд, ҳатман бо манзили нав таъмин карда мешаванд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG