Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлае дар Покистон 10 нафар кушта шуд


Бино ба гузоришҳо аз шимолуғарби Покистон, бар асари инфиҷори бомб дар роҳи ҳаракати корвони мошинҳои як сиёсатмадори шинохтаи исломгаро, дасти кам 10 нафар кушта ва 20 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Инфиҷор дар ноҳияи Чорсада дар вилояти қабоилнишини Хайбар сурат гирифтааст ва ҳадафи он Мавлоно Фозил Раҳмон, раиси Ҳизби Ҷамъияти Уламои Исломии Фазл будааст. Аммо худи ӯ дар ҳамла осеб надидааст. Рӯзи чаҳоршанбе як бомбгузори маргталаб худро зимни вуруди Мавлоно Фозил Раҳмон ба як раҳпаймоии сиёсӣ мунфаҷир кард ва тақрибан 10 нафарро кушт.
XS
SM
MD
LG