Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО фармондеҳи амалиётҳои ҳавоӣ дар Либия шуд


Паймони низомии НАТО, фармондеҳии тамоми амалиётҳои низомии ҳавоӣ дар Либияро бар дӯш гирифт. Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли паймон, гуфт, раҳбарии амалиётҳои ҳавоӣ дар осмони Либия субҳи ҳамин рӯз аз дасти нерӯҳои Амрико, Фаронса ва Бритониё ба ихтиёри нерӯҳои НАТО гузашт. Масъулияти паймон, назорат бар фазои парвозмамнӯъ дар Либия ва ҳифзи ғайринизомиён аз ҳамлаҳои нерӯҳои Муаммар Қаззофӣ аст. Нерӯҳои эътилофӣ ба раҳбарии Амрико аз рӯзи 19 март ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи нерӯҳои Қаззофиро шӯруъ карданд. Паймони НАТО, баъди рафъи нигарониҳои Туркия аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ва бемайлии Фаронса барои додани маъсулиятҳояш, раҳбарии амалиётҳо дар Либияро бар ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG