Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири Либия аз ҳукумати Қаззофӣ рӯ тофт


Мӯсо Кӯсо, вазири умури хориҷаи Либия дар Бритониёст ва мегӯяд, “дигар майли кор кардан” бо режими Муаммар Қаззофиро надорад. Вазорати умури хориҷаи Бритониё гуфт, Мӯсо Кӯсо, рӯзи чаҳоршанбе бо ҳавопаймое вориди як фурудгоҳ дар наздикии Ландан шудааст. Вазири Либия дар ҳоле аз ҳукумати Қаззофӣ рӯ тофт, ки шӯришиён дар он кишвар таҳти фишори нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ аз такягоҳҳои худ дар шарқи Либия ақибнишинӣ мекунанд. Нерӯҳои Қаззофӣ бо ҳамла бо танкӯ тӯпхонаҳо ба канораҳои шаҳри Аҷдабия, 160 километрии шаҳри Бенғозӣ, такягоҳи аслии шӯришиён расидаанд. Пештар онҳо шаҳрҳои нафтии Рас Лануф, Уқайло ва Брегаро аз дасти шӯришиён пас гирифтанд.
XS
SM
MD
LG