Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон тавсияи IAEA-ро нодида мегирад?


Ҳукумати Ҷопон эълом кард, ки қасд надорад, аҳолии фаротар аз 20 километрии нерӯгоҳи барқи атомии осебдидаи Фукушимаро ба ҷойи амн интиқол диҳад, агарчӣ Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ба Ҷопон тавсия додааст, ки чунин кунад. Ҷопон аз аҳолии маҳалҳои то 20 километр наздик ба нерӯгоҳи Фукушима Дайичиро хостааст, ин манотиқро тарк кунанд, аммо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ мегӯяд, мизони радиатсия дар як рустои 40 километр дур аз нерӯгоҳ аз меъёр зиёд аст. Айни замон, Оҷонси амнияти ҳастаӣ ва саноатии Ҷопон гуфт, мизони йоди радиоактив дар оби дарё дар наздикии нерӯгоҳи Фукушима, 4 385 маротиба зиёд аст, ки баъди осеб дидани он дар заминларза ва сунамии рӯзи 11 март то кунун мушоҳида нашуда буд.
XS
SM
MD
LG