Пайвандҳои дастрасӣ

Се медали варзишгарони тоҷик дар Туркия


Зоирҷон Пиров, варзишгари тоҷик

Зоирҷон Пиров, варзишгари тоҷик

Варзишгарони тоҷик дар шаҳри Анталияи Туркия дар сабқати ҷаҳонӣ оид ба ориентал-спорт, ки яке аз навъҳои кикбоксинг мебошад, як медали тилло ва ду биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба иттилои Саидмурод Камолов, раиси Федератсияи кикбоксинги Тоҷикистон, дар ин мусобиқа шарафи кишварро се нафар ҳимоя карданд.

Зоирҷон Пиров дар бахши микс-файт дар вазни беш аз 95 кг ба унвони қаҳрамони мутлақи мусобиқа даст ёфт.

Ду варзишгари дигари тоҷик - Абдусалом Шамсов дар вазни то 86 кг дар бахши микс-файт ва Ҷовид Қурбоншоев дар вазни то 72,5 кг дар бахши парт-файт бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуданд.

Ба гуфтаи Саидмурод Камолов варзишгарони тоҷик дар айни ҳол ба Ҷоми ҷаҳон оид ба ориентал, сабқати қитъавӣ ва мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба кикбоксинг омодагӣ мебинанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG