Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз Либия


Донишҷӯёне, ки аз Либия баргаштаанд (Акс аз дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия)
Донишҷӯёне, ки аз Либия баргаштаанд (Акс аз дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия)

Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия шаш донишҷӯи тоҷикро аз Либия ба Маскав овардааст.

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия ин донишҷӯёнро дар фурудгоҳ истиқбол гирифта, онҳоро ба сафорат овардаанд.
То замони ошӯбҳо дар Либия, 21 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои ин кишвар, аз ҷумла донишгоҳи "Аддаъва" таҳсил мекарданд...


Яке аз ин донишҷӯён Раҳматулло Аҳмадов, ки ҳоло дар Маскав қарор дорад, дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ки онҳо пас аз хатми соли таҳсил ва ҳам таъмини амнияти худ аз Либия берун шудаанд.

Ҷаноби Аҳмадов гуфт, аз ин теъдод танҳо ду нафари онҳо тасмим доранд, ки ба Тоҷикистон баргарданд. Аммо чаҳор нафари дигар аз ҳамроҳони ӯ дар назди пайвандони худ дар Русия боқӣ мемонанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ду донишҷӯи тоҷик бо кӯмаки онҳо шоми рӯзи 31-уми март ба Душанбе фиристода хоҳанд шуд.

Раҳматулло Аҳмадов мегӯяд, аксари донишҷӯёни тоҷик, ният доранд пас аз ором шудани вазъ дар Либия, дубора ба ин кишвар бозгарданд ва ба таҳсили худ идома диҳанд.



Вай гуфт, дар замони даргириҳои Либия, ки онҳо дар хобгоҳи донишгоҳи «Аддаъва» ба сар мебурданд, вазъияти чандон баде надошта, амнияти онҳо аз сӯи низомиёни ин кишвар то ҳадде таъмин будааст.

То замони ошӯбҳо дар Либия, 21 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои ин кишвар, аз ҷумла донишгоҳи «Аддаъва» таҳсил мекарданд. Дар оғози ошӯбҳо, 15 тани онҳо тариқи ҳавопаймои Вазорати дифои Украина ба Киев оварда ушданд.

Он вақт мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки 5 нафар аз ин шаҳрвандони бозгашта донишҷӯёни Донишгоҳи исломии "Аддаъва", 8 нафар донишҷӯи Донишгоҳи "Ал-Фотеҳ" ва 1 нафар коргари ширкат будаанд.

Мақомот мегӯянд, дар ҳоли ҳозир дар Либия як донишҷӯи тоҷик, ки дар донишгоҳи исломии "Аддаъва" таҳсил карда ва нахостааст ин кишварро тарк бикунад, боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG