Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи зиндониёни фирорӣ дар Душанбе шурӯъ шуд


Додгоҳи Олии Тоҷикистон мурофиаи додгоҳии 11 нафар аз фирориёни боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллиро шурӯъ кард, ки дар қаламрави Тоҷикистону Афғонистон дастгир шуданд. Ҳамаи ин 11 нафар, аз ҷумла ба фирор аз зиндон, куштор ва бандитизм муттаҳам мешаванд. Шаби 23 августи соли гузашта 25 зиндонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо шумули чанд шаҳрванди Русияву Афғонистону Ӯзбакистон бо қатли чанд посбони боздоштгоҳ фирор карданд. Мақомоти интизомӣ то кунун чаҳордаҳ нафари онҳоро дастгир карда ва се нафарашонро куштанд. Ҳафт маҳбуси дигар дар қаламрави Афғонистон боздошт шудаанд ва Тоҷикистон мунтазири истирдоди онҳост.
XS
SM
MD
LG