Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди иҷозаномаҳо барои соҳибкорӣ кам мешавад


Давлати Тоҷикистон мегӯяд, барои осон кардани соҳибкорӣ тарҳи нави қонунеро пешниҳод кардааст, теъдоди муҷаввизҳо барои фаъолият ва мӯҳлати гирифтани онро кӯтоҳ мекунад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфт, тарҳи «Қонун дар бораи низоми иҷозадиҳӣ» имрӯз дар ҷаласаи ҳукумат пазируфта ва барои баррасӣ ба порлумони Тоҷикистон ироа шудааст. Бар асоси ин санад, қарор аст, шумораи иҷозаномаҳо барои соҳибкорӣ аз 600 ба 85 адад кам шавад. Расмиёти печида ва мӯҳлати тӯлонии гирифтани иҷозанома барои соҳибкориро яке аз монеаҳои аслӣ дар роҳи рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон медонанд.
XS
SM
MD
LG