Пайвандҳои дастрасӣ

Субҳи боронии баҳори 30-юми март. Саҳни вокзали роҳи оҳани Душанбе ба рағми баҳорони гузашта пуриздиҳом нест.

Мо мусофиронеро суроғ дорем, ки дар фикри сафари Русия ва ё кишвари дигаре ба қасди муҳоҷирати корӣ ҳастанд.

Ин фикр бархеро нигарон кардааст, ки тафаккуре бо номи тафаккури муҳоҷират дар ҳоли шакл гирифтан аст ва он тақрибан ба андешаи умумии насли нав табдил шудааст...


Солҳои гузашта, дар фасли баҳор, дар мавсими муҳоҷирати корӣ барои он ки чунин мусофиреро пайдо кунӣ шарт набуд аз ӯ суол кунӣ, ки қасди сафари куҷоро дорад. Чун чандин сафи беохири навбати харидории билет ва издимоҳи бешумори мардум ва милисаҳои посбонро, ки медидӣ бегумон фикр мекардӣ, ки ҳамаи мардум азми муҳоҷиратро дорад.

ГАРОНИИ НАРХИ БИЛЕТ

Аммо акнун ин саҳна тағйир кардааст ва ҳоло харидори андаки билетро шоҳид мешавем. Вале ин ба он маъно нест, ки сели муҳоҷирони тоҷик ба Русия сафар доранд коҳиш ёфтааст. Тоҷикон ҳамчунон дар пайи муҳоҷирати корӣ ҳастанд ва муҳоҷирати корӣ ҳануз ҳам манбаи аслии таъмини маишати аксари хонаводаҳои тоҷик аст.



Ин ҷо мо аз миёни ҳамагӣ 10 ё 15 харидорӣ билет мусоҳиб интихоб мекунем. Ин мусоҳибон мегӯяд, акнун мушкили дарёфти билети сафар тақрибан вуҷуд надорад, вале мушкилоти дигаре дар мавсими имсол ҷойгузини он шудааст, аз ҷумла болоравии қимати билети қатор ва ҳавопаймост. Масъалаи дигар ҳам ба гуфтаи мусоҳибони мо сафари таваккал бар Худо, яъне бидуни он ки бидонанд дар Русия коре пайдо мекунанд ё не.

САФАРИ "ТАВАККАЛ БА ХУДО"

Шерзод, як сокини Кофарниҳон барои худ ва ду писархолааш, ки қасди муҳоҷират ба манзури мардикорӣ доранд, билети поезд харидорӣ мекунад.

Қурбон ҷавони дигаре, ки азми сафари Русияро дорад, билет харидорӣ кардааст, ӯ ҷои мушаххаси коре надорад, ба умеди бародарони худаш аст, ки дар Санкт-Петербурт кор мекунанд. Аммо мегӯяд, акнун дар фикри он уфтодааст, ки чӣ гуна муқаррароти муҳоҷиратро иҷро кунад.

Яке аз шароите, ки барои муҳоҷирони тоҷик вуҷуд дорад, ҳар сол як маротиба бояд онҳо аз марзи Русия хориҷ шаванд. Ин муқаррарот боис ба сарфи вақт ва пули зиёди муҳоҷирон мешавад ва давлати Тоҷикистон бояд бар сари ҳаққи иқомати муҳоҷирон бо Русия бештар таваҷҷӯҳ кунад.

Аммо Аъзам, як муҳоҷирри дигар, ки аз Русия баргаштааст ва шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро низ дорад, мегӯяд, мавҷи муҳоҷират аз ин тарафаро мебинад ва муҳоҷирони бекори тоҷик дар Русия ба ёдаш мерасанд. Ба гуфтаи Аъзам, ҳоло шумори бекорон дар сафи муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзоиш ёфтааст ва мавҷи нави муҳоҷират ба он шумора хоҳад афзуд.

1 МИЛЛИОН "НОНОВАРИ ХОНА"

Аммо иллати гаронии қиммати билетро масъулин дар шароити бозорӣ мебинанд. Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи Душанбе мегӯяд, ки феълан ҳар ҳафта аз ин фурудгоҳ 120 парвози байналмилалӣ анҷом медиҳад, ки аксари кулли ин парвозҳо ба шарҳҳои Русия сурат мегирад.

Афзун ба ин, як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ ва умдатан дар Русия бар сар мебаранд. Ин муҳоҷирон сарчашмаи аслии даромади аксарияти хонаводаҳои Тоҷикистон мебошанд. Дар соли гузашта муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиарду 300 миллион доллар интиқол додаанд.

Аммо ин фикр бархеро нигарон кардааст, ки тафаккуре бо номи тафаккури муҳоҷират дар ҳоли шакл гирифтан аст, ки тақрибан ба андешаи умумии насли нав табдил шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG