Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайъати низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи маҳбусони фирорӣ, ки дубора боздошт шудаанд, оғоз кард.

Дар ин бора ба радиои "Озодӣ" як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар дод. Ба қавли ин манбаъ, ҳоло дар курсии ҷавобгарӣ 11 маҳбуси фирорӣ нишастаанд, ки дар манотиқи мухталифи Тоҷикистону Афғонистон боздошт шудаанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта дар пайи фирори 25 маҳбус генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимовро, ки раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ буд, ҳамроҳ бо се муовинаш аз ин мақом барканор, вале муовини дигари ӯ Саймӯъмин Ятимовро раиси нави Кумитаи амният таъйин кард...


Ин афрод барои фирор аз боздоштгоҳи Кумити амнияти миллӣ, куштор, бандитизм, нигаҳдории аслиҳа ва ҷароими дигар муттаҳам мешаванд.

Ҳамчунин нафароне, ки барои ин маҳбусони фирорӣ ба ҳар навъе кӯмак кардаанд, аз ҷумла Сайриддин Азизов, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Шаби 22-юм ба 23-юми августи соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе фирори 25 маҳбус сурат гирифт, ки миёни онҳо панҷ шаҳрванди Русия, чор шаҳрванди Афғонистон, ду шаҳрванди Узбакистон ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон буданд.

Дар ҷараёни ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ 14 тани онҳо боздошт ва се нафари онҳо дар муқобила бо нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд. 8 нафар аз ин маҳбусони фирорӣ ҳанӯз дар озодӣ қарор доранд.

Ҳамчунин, мақомоти амниятии Афғонистон ҳафт тан аз маҳбусони фирориро дар қаламрави ин кишвар боздошт карданд, ки се тани онҳо шаҳрвандони худи Афғонистон буданд.

Аммо мақомоти Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба нерӯҳои амниятии ин кишвар таслим карда, вале аз додани шаҳрвандони худ, ки онҳо низ маҳбусони фирории боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ буданд, худдорӣ кардааст.

Фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба барканории раҳбар ва 3 муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ сабаб шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта дар пайи фирори 25 маҳбус генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимовро, ки раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ буд, ҳамроҳ бо се муовинаш аз ин мақом барканор, вале муовини дигари ӯ Саймӯъмин Ятимовро раиси нави кумитаи амният таъйин кард.

Тафсилоти бештар дар ҳамин ҷо нашр мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG