Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои нафари наздик ба Қаззофӣ дар Лондон


Мӯсо Кӯса, собиқ вазири умури хориҷии Либия

Мӯсо Кӯса, собиқ вазири умури хориҷии Либия

Мусо Кӯса, вазири умури хориҷии Либия, дирӯз вориди Лондон шуд ва аз истеъфои худ хабар дод.

Вазорати умури хориҷии Бритониё дар изҳороте эълом дошт, ки Мусо Кӯсо аз режими Қаззофӣ фирор карда, дар бораи тарки мақом тасмим гирифтааст.
Сабаби бузургтарин шикасти мухолифин дар чанд рӯзи ахир, аз нигоҳи коршиносон, камбуди силоҳу тиру лавозимот ва техникаи низомист...


Аммо идораи сиёсати берунаи Либия хабар дод, ки вазир дар сафари дипломатӣ қарор дорад.

Аз ин пештар, Лондон ва ҳампаймонҳояш борҳо аз атрофиёни Қаззофӣ даъват карда буданд, ки аз пуштибонии раҳбари Либия даст бардоранд.

Қабл аз вуруди Мусо Кӯсо, Лондон панҷ корманди сафорати Либия дар Бритониёро ба далели он ки онҳо барои амнияти миллӣ хатар эҷод мекунанд, аз кишвар берун кард.



Дар зимн, Мусо Кӯсо аввалин мансабдори воломақоми Либия нест, ки сафи афроди наздик ба Қаззофиро тарк намудааст. Аз ин пеш сафирони Либия дар чанд кишвар аз мақомҳояшон истеъфо доданд. Моҳи феврал сафир ва муовини сафири Либия дар СММ ҳам аз Қаззофӣ рӯ тофтанд ва бо мухолифин пайвастанд.

МУХОЛИФИН ЧАНД ШАҲРРО ТАРК НАМУДАНД

Хабари истеъфои ғайримуқаррарӣ ва ғайримунтазираи вазири умури хориҷии Либия, яке аз афроди наздик ба Муаммар Қаззофӣ, дар ҳоле расид, ки нерӯҳои вафодор ба раҳбари Либия ошӯбгаронро аз чанд шаҳр берун ва

онҳоро барои фирор маҷбур сохтанд.

Мухолифини ҳукумат рӯзи сешанбе, 29-уми март, шаҳри Адҷабия ва рӯзи 30юми март шаҳрҳои Рас-Лануф ва Бин-Ҷаводро тарк намуданд. Баъзе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ки дар канори Бин-Ҷавод ҳанӯз ҳам задухӯрдҳо идома доранд. Нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ҳамчунин шаҳри Брегаро таҳти назорат қарор доданд ва тасмим гирифтаанд, ки ҳаракатро сӯи шаҳри Бенғозӣ, такягоҳи нерӯҳои мухолифи ҳукумат, идома диҳанд.

Шабакаҳои телевизионӣ ахиран наворҳоеро нишон доданд, ки ошӯбгарон савори садҳо мошинҳо сӯи шарқи Либия фирор мекунанд.

ТУФАНГ АЛАЙҲИ ЗИРЕҲПӮШ?


Сабаби бузургтарин шикасти мухолифин дар чанд рӯзи ахир, аз нигоҳи коршиносон, камбуди силоҳу тиру лавозимот ва техникаи низомист. Дар баъзе манотиқ ошӯбгарон маҷбур буданд, ки алайҳи тӯпхонаву зиреҳпӯшҳои нерӯҳои ҳукуматӣ аз автомату мусалсал ва ҳатто милтиқу туфангча оташи ҷавобӣ кушоянд.

Ин вазъият баҳсҳоеро дар мавриди имкони интиқоли силоҳу тир ба мухолифони Қаззофӣ доман задааст.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, қаблан эълом дошт, ки Вошингтон таъмини ошӯбгарони Либия бо силоҳу лавозимотро байид намедонад. Дирӯз ӯ дар сӯҳбат бо як шабакаи телевизионии амрикоӣ дар посух ба суол дар мавриди имкони таъмини мухолифини Қаззофӣ бо силоҳи амрикоӣ, Обама бори дигар онро имконпазир хонд ва аммо афзуд, ки дар ин бора алъон чизе гуфтан намехоҳад.

ЛАВРОВ: ҚАТЪНОМА БОЯД РИОЯ ШАВАД

Ва аммо чанд кишвар, аз ҷумла, Русия ва Чин, интиқоли силоҳ ба ошӯбгарони Либияро хилофи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба Либия мехонанд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дирӯз гуфт, ки амалиёти таҳти фармони НАТО дар Либия набояд аз чаҳорчӯби
Ошӯбгарони Либия ба силоҳ ниёз доранд
ваколатҳои муқарраршуда берун равад ва кишварҳои Эътилоф бояд нуктаҳои қатъномаи Шӯрои амнияти СММ-ро иҷро кунанд .

Ба гуфтаи ӯ, «чанде пеш вазири умури хориҷии Фаронса хабар дод, ки Фаронса омода аст бо ҳампаймонҳояш дар Эътилоф мавзӯъи интиқоли силоҳ барои мухолифини Либияро баррасӣ кунад. Ҳамзамон Дабири кулли НАТО Фог Расмуссен изҳор намуд, ки амалиёт дар Либия ба хотири дифоъ аз мардум доир мешавад ва на барои мусаллаҳ сохтани он". "Мо дар ин мавзӯъ бо Дабири кулли НАТО комилан ҳамфикрем», изҳор намуд Сергей Лавров

Бархе аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла, Фаронса чунин мешуморанд, ки барои таъмини ошӯбгарони Либия бо силоҳ қатъномаи нави Шӯрои амнияти СММ зарур аст. Ва аммо оё ин мавзӯъ дубора мавриди баҳсу баррасӣ дар Шӯрои амният қарор мегирад ё хайр, алҳол маълум нест.

Бархе аз таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки дар сурати баррасии ин мавзӯъ дар СММ шояд Русия ё Чин ин дафъа аз ҳаққи ветои худ истифода ва аз қабули қатъномаи нав ҷилавгирӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG