Пайвандҳои дастрасӣ

Мусо Кӯса аз истеъфои худ дар Бритониё хабар дод


Вазири умури хориҷии Либия Мусо Кӯса дирӯз ба Бритониё омад ва дар бораи истеъфои худ хабар дод.

Дар ин бора вазорати умури хориҷии Бритониё изҳорот нашр намуд. Ва аммо дар изҳорот дар бораи сабабҳои истеъфои яке аз афроди наздик ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ чизе гуфта нашудааст.

Аз ин пештар Лондон ва ҳампаймонҳояш борҳо аз атрофиёни Қаззофӣ даъват карда буданд, ки аз пуштибонии раҳбари Либия даст бардоранд.

Дар ҳамин ҳол нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ барои ҳамла ба шаҳрҳои Адҷабия ва Бенғозӣ, воқеъ дар шаҳрқи кишвар, омодагӣ мегиранд. Дирӯз онҳо ошӯбгаронро аз шаҳрҳои Рас-Лануф ва Марса-ал-Брега садҳо километр дур андохтанд.

Бар пояи хабарҳо аз Либия, ошӯбгарон ба камбуди силоҳу тир мувоҷеҳанд.

Дирӯз намояндагони онҳо аз кишварҳои узви Эътилофи байнулмилалӣ хостори кӯмак дар дарёфти силоҳ шуданд.

ИМА ва Бритониё имкони интиқоли силоҳ ба ошӯбгарони Либияро байид намедонанд. Русия ва Чин ба ин иқдом мухолифанд.

Дирӯз ҳавопаймоҳои Эътилофи байнулмилалӣ мавқеъҳои нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ дар Рас-Лануфро бомбборон карданд.
XS
SM
MD
LG