Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар кишвари африқоии Соҳили Оҷ ҷонибдорони Алассан Уаттар, ки аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ чун раисиҷумҳур пазируфта шудааст, шаҳри Ямусукро - пойтахти кишварро ишғол карданд. Дар ин бора мардуми маҳаллӣ хабар доданд.

Гурӯҳҳои вафодор ба Уаттар ҳамла ба ҷануби кишварро, ки таҳти назорати Лоран Гбагбо қарор дорад, идома медиҳанд. Гбагбо дар интихоботи президентӣ шикаст хӯрд ва аммо аз интиқоли қудрат ба ҳарифаш Уаттар сарпечӣ мекунад.

Ахиран Лоран Гбагбо пешниҳоди мусолиҳа кард ва аммо намояндаи Уаттар изҳор намуд, ки раисиҷумҳури тозаинтихоб бо Гбагбо музокирот намекунад ва ба ӯ фақат имкон медиҳад, ки кишварро тарк намояд.

Баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи декабри соли гузашта бар асари задухӯрдҳо миёни ҷонибдорони Уаттар ва Гбагбо дар кишвари Соҳили Оҷ, воқеъ дар ғарби Африқо, беш аз 450 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG