Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Берлусконӣ: Паноҳандагон Лампедузаро тарк хоҳанд кард


Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Италия изҳор намуд, ки ҷазираи хурди Лампедузаро барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ мекунад.

Шурӯъ аз миёнаҳои моҳи январ тақрибан 18 ҳазор фирориён аз кишварҳои Африқои шимолӣ дар ин ҷазира панаҳ ёфтанд.

Берлусонӣ зимни ташриф ба ин ҷазираи наздик ба қораи Африқо ваъда дод, ки рӯзҳои наздик ҳамаи паноҳандагон аз Африқои шимолиро аз Лампедуза ба дигар манотиқи Италия мекӯчонад.

Сокинони ҷазира аз вуруди паноҳандагон сахт нигаронанд ва бо баргузории эътирозҳо талаб доранд, ки онҳо ҳарчӣ зудтар Лампедузаро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG