Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили зодрӯзи Горбачёв дар Лондон


Russia -- First USSR President Mikhail Gorbachev at a conference on his 80th birthday, 15Mar2011

Russia -- First USSR President Mikhail Gorbachev at a conference on his 80th birthday, 15Mar2011

Дар шаҳри Лондон ситораҳои фарҳангу ҳунари мамолики ғарбӣ ба таври ботантана 80-умин зодрӯзи аввалин ва охирин президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёро таҷлил намуданд. Ҷашн дар толори Роял Алберт Ҳол барпо шуда, мизбонии онро ситораҳои синамои амрикоӣ Кевин Спейси ва Шарон Стоун бар ӯҳда доштанд. Яке аз ҳадафҳои ин маърака ҷамъи сармоя барои бунёди кумак ба муолиҷаи беморони саратон будааст. Сиёсати ошкорбаёнӣ ва перестройка ё худ бозсозии Горбачёв Иттиҳоди Шӯравиро барҳам зада, кишварҳои Аврупои шарқиро аз коммунистон раҳо кард. Аслан Горбачёв 2-уми март 80-сола шуда буд.

XS
SM
MD
LG