Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коршиносон қонунҳои марбути мубориза бо маблағгузории гурӯҳҳои террористиро ночиз мешуморанд.

Ба қавли онҳо бо ин, ки санадҳо ҳамаҷониба навишта шудаанд, вале натавонистаанд манобеи сармоягузории террористҳоро аз байн бибаранд.

ТЕРРОРИСТОН ЧИ ГУНА САРМОЯГУЗОРӢ МЕШАВАНД?

Виктор Штойинда, коршиноси кумитаи “Таҳримҳо барои Ал-Қоида ва Толибон”-и Созмони Миллали Муттаҳид гуфт, ки дар даҳсолаҳои ахир, ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба мушкиле рӯ ба рӯ шудааст, ки аз сармоягузорӣ ба терроризм маншаъ мегирад. «Бо дар назардошти шароити имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ, як роҳи фарогири мубориза бо терроризм ва хусусан бо сармоягузории терроризм бояд вуҷуд дошта бошад. Ба назари мо, як роҳи муҳими мубориза бо маблағгузории тероризм, мубориза бо шабакаҳои интернетие мебошад, ки аз тариқи онҳо эҳтимоли мабағгузорӣ бо аҳдофи терруристӣ истифода мешавад. Ҳоло ҳамчунин як санаде, ки ин масъалаҳоро дар бар гирад, вуҷуд надорад».

Ба назари аксари таҳлилгарони Созмонҳои байналмилалӣ, масъалаи сармоягузории терроризм дар Осиёи Марказӣ чандон бузург нест, зеро ба қавли онҳо маблағҳои бузург аз тариқи бонкҳои ин минтақа намечархад. Ин мавзӯъ барои кишварҳои Аврупо бисёр ҳассос аст.

Вале таҳлилгарони масоили минтақа мегӯянд ки набояд қочоқи маводи мухаддир ва силоҳро, ки аз сармояҳои аслии террористҳо ба шумор меоянд, нодида бигиранд.

Аммо муовини раиси Маркази мубориза бо терроризми Қирғизистон Олтинбек Бекбулотов мегӯяд, ки кашфу ошкор кардани манбаъҳо ва роҳҳои маблағгузории гурӯҳҳои терористӣ возеҳ нестанд ва хунсо кардани онҳо низ ба осонӣ даст намедиҳад. «Агар ба таври маҷозӣ бигӯям, ин масъала ба монанди омоси саратон нест, ки ҳангоми хуруҷ кардан онро бурида халос шавем. Аз байн бурдани манбаъҳои тероризмро осон нест. Аз ин рӣ дар кишвари мо барои ҳамаҷониба омӯхтан ва мушаххас кардани роҳи дурусти мубориза, як Марказ таъсис дода шудааст».

ТОҶИКИСТОН ИНТИҚОЛИ ПУЛРО НАЗОРАТ МЕКУНАД

Тоҷикистон, яке аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, барои фароҳам овардани заминаи қонунии мубориза бо сармоягузории терроризм дар моҳи феврали соли равон қонуне қабул кард, ки назорат бар маблағҳои шубҳаоварро, ки аз як бонк ба бонки дигар ва ё ба бонкҳои кишварҳои дигар интиқол дода мешуданд мустаҳкамтар мекунад.

Муаллифи ин қонун, раиси Бонки милии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода,
Раиси Бонки милии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода
дар робита ба ин масъала мегӯяд: «Дар ҳақиқат то қабули ин қонун, яъне қонуни дар бораи зидди расмӣ шудани даромадҳои ҷиноӣ ва сармоягузорӣ ба терроризм, маблағҳо контрол намешуданд. Масалан маблағе, ки ба Дубай фиристода мешавад пурсида намешуд чаро ба онҷо ва ба чӣ мақсад фиристода мешавад. Танҳо гуфта мешуд, ки барои тиҷорат, дигар тамом. Ҳоло қонуни мазкур имкони ҳуқуқӣ медиҳад, ки маблағи аз як бонк ба бонки дигар ва аз кишвар ба кишвари дигар пурсида шавад ва маълумоти зарурӣ гирифта шавад»

ТОҶИКИСТОНИ ҲАМЧУНОН НООРОМ

Коршиносони амниятӣ мегӯянд, ин далел, ки Тоҷикистон қабули қонуни мазкурро зарур шумурдааст баёнгари он аст, ки Тоҷикистон ба унвони яке аз кишварҳои ҳамсарҳад бо Афғонистон, аз эҳтимоли чархиши пулҳои ғайриқонунӣ ва дастрасии гурӯҳҳои ҷангҷӯ ба ин манбаҳо нигарон буд.

Тоҷикистон аз як сӯ гузаргоҳи қочоқи маводи мухаддири Афғонистон буда аз сӯи дигар дар манотиқи кӯҳдомани ин кишвар гурӯҳҳои марбут ба шабакаи байналмилалии террористӣ буду бош доранд. Намунаи ин, Ҳаракати исломии Узбакистон ва гурӯҳи Мулло Абдуло аст, ки талошҳоеро барои баҳам задани вазъ дар Тоҷикистон анҷом додаанд. Беш аз ним сол аст, ки Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо ҳадафи маҳви гурӯҳи Мулло Абдулло дар шарқи кишвар амалиёт пеш мебарад.

ҲИУ АЗ КУҶО САРМОЯГУЗОРӢ МЕШАВАД?

Оё ин гурӯҳҳо аз куҷо саромоягузорӣ мешаванд ва таъмингарии моли онҳо кист? Инҳо суолҳоеянд, ки ҷомеъаи кишвар аз мақомоти амниятӣ посух онҳоро шунидан мехоҳад. Вале таҳлилгари масоили минтақа Маҳдӣ Собир мегӯяд, ки як қатор созмонҳо ва ҷамъиятҳои дар хориҷа ҳастанд, ки бо ҳар роҳе масалан аз Ҳаракати исломии Узбакистон пуштибонии молӣ мекунанд:
Тоҳир Юлдошев, раҳбари собиқи ҲИУ
«Бунёди хайрияи ҷамъияти исломии Покистон, Созмони байналмиллалии исломӣ дар Арабистони Саъудӣ, шӯъбаҳои терористии Ихвонал Муслимин ва Лашкари Саҳоба дар Миср, Ассамблеи умумиҷаҳонии ҷавонони исломӣ ва созмонҳои хайрияи узбакони Афғонистон ва Покистон ба Ҳаракати исломии Узбакистон маблағҳои зиёд кӯмаки молӣ мерасонанд.”

Зимнан борҳо бо доғ шудани вазъи минтақаи шарқи кишвар, мисли ҳодисаи Тавилдара дар тобистони соли 2009 ва тирмоҳи соли 2010 дар минтақаи Ғарм, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуди созмонҳои махсусе таъкид кардааст, ки барои афрӯхтани оташи нооромиҳо ва расидан ба аҳдофи худ, аз нерӯи ҷангҷӯён истифода мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG