Пайвандҳои дастрасӣ

СММ таҳқиқи марги Санговро назорат мекунад


Tajikistan -- Safarali Sangov & his wife Sarvinoz, Dushanbe, undated

Tajikistan -- Safarali Sangov & his wife Sarvinoz, Dushanbe, undated

Дафтари ҳуқуқи инсони СММ қазияи марги Сафаралӣ Санговро таҳти назорат

гирифт ва хонаводаи ӯро бо вакили мудофеъ таъмин кард.

Боздошти Сангов 1-ум март бо ширкати ходимони пулиси ноҳияи Сино ҷараён

гирифт ва баъди чанде ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони қарияи Боло

интиқол ёфт.

Муҳаббат Юлдошева, табибе, ки ҷасади Сафарали Санговро ташхис карда буд

мегӯяд, хулосаи ташхис омода шудааст ва гуфта мешавад, ки Сангов аз зарба

ҷароҳат бардоштааст ва ҳамин зарбаҳо ба марги ӯ сабаб шудаанд. Муҳаббат

Юлдолшева бо ишора ба натиҷаи ташхис илова кард, ки “ акнун таъмини адолат

ва ба ҷавобгари кашидани ҷинояткорон дар салоҳияти додситонӣ аст ва хоҳем

дид, ки онҳо то куҷо аз қонун дифоъ мекунанд.”
Сарвиноз Сангова, ҳамсари Сафаралӣ Сангов ба думболи ҳалокати ҳамсараш изҳор дошт, ки барои расидан ба адолат ва муҷозоти қотилони шавҳараш то ба охир мубориза хоҳад бурд.

XS
SM
MD
LG