Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ал-Асад душманонро масъули нооромиҳои Сурия хонд


Syria -- A TV grab shows President Bashar Al-Assad addressing the parliament in Damascus, 30Mar2011

Syria -- A TV grab shows President Bashar Al-Assad addressing the parliament in Damascus, 30Mar2011

Президенти Сурия Башор ал-Асад мегӯяд, масъулияти мавҷи ахири эътирозҳои ин кишвар бар дӯши он “тавтеагаронест”, ки мехоҳанд Сурияро барҳам зананд. Дар авввалин паёмаш ба мардуми кишвар аз замони оғози эътирозҳои ал-Асад гуфт, ба хадамоти амниятӣ дастур дода шуд, ки мардумро азият накунанд. Пешбинӣ мешуд, ки раисҷумҳури Сурия вазъи фавқудодаи 48 сол инҷониб идома доштаро лағв мекунад, вале ӯ дар ин бора чизе нагуфт.

Рӯзи сешанбе сарвазири Сурия Ноҷӣ Утрӣ ба истеъфо рафт. Дар давоми ду ҳафтаи эътирозҳо камаш 60 сокини Сурия ба қатл расидаанд.

Башор ал-Асад дар соли 2000-ум баъди фавти падараш Ҳофиз ал-Асад ба курсии президенти Сурия ва раиси ҳизби ҳокими Баъс нишаст.

XS
SM
MD
LG