Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 30-юми март, дар шаҳри Душанбе қарордоди ҳамкории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) бо варзишгарони маъруфи кишвар баста шуд.

Ба ин қарордод Маликшоҳ Неъматов, ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Шералӣ Кабиров, мудири тиҷоратии КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ва варзишгарони маъруфи кишвар - Дилшод Назаров (варзиши сабук), Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов, Мавзуна Чориева (ҳарсе – бокс), Юсуф Абдусаломов, Баҳодур Қодиров (ҳарду - гуштии озод), Муродҷон Тӯйчиев (гуштии юнониву румӣ), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Фарҳод Раҳимов (ҳарду – дзю-до), Набимуҳаммад Хоркашев (самбо ва дзю-до), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (ҳарду – таэквон-до ВТФ) имзо карданд.

Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: «Мувофиқи ин қарордод Кумитаи миллии олимпӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» барои омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ҳамаҷониба кӯмак хоҳанд кард”.

Ба иттилои Саёҳат Қодирова, котиби матбуотии КВД "Талко", ширкати алюминии тоҷик ҳамчун сарпарасти кулли дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон, бар асоси қарордод миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва "Талко", ин ширкат аллакай ба навъҳои мухталифи варзиши тоҷик 745 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ кардааст.

Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, мегӯяд: «Мақсади аслии ман ба даст овардани медалҳои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон мебошад. Барои ба чунин дастовардҳои бузург ноил шудан, албатта, шароити хуб ва маблағгузории кофӣ зарур аст. Ин қарордод ба ман имкон медиҳад, ки ба мусобиқоти ҷаҳониву олимпӣ ҳамаҷониба омода шавам ва натоиҷи дилхоҳ ба даст орам».

Ёдовар мешавем, ки нахустин қарордоди ҳамкории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) бо Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин дар риштаи дзю-до, 3-юми феврали соли 2010-ум баста шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG