Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон маргталаб 13 касро кушт


Полиси Покистон мегӯяд, имрӯз дар натиҷаи як ҳамлаи маргталабона камаш 13 нафар ба ҳалокат расида, 10 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Полис меафзояд, бомбгузори савори мотосикл маводи таркандаро дар атрофи баданаш баста, ҳангоми убур аз посгоҳи полис дар шимолу ғарби ин кишвар худро мунфаҷир кард. Ба гуфти раиси полиси маҳаллӣ Абдуллоҷон бомбгузор аснои таркиш бо суръати тахминан 100 километр дар як соат ба посгоҳи полиси шаҳри Сувабӣ, воқеъ дар шарқи Пешавар бархӯрд. Вақти ҳамла посгоҳро баста буданд ва дар назди он чорабинии мардумии як ҳизби динӣ доир мешуд. Раиси полис афзуд, ки ҳангоми ҳамла камаш як афсари полис кушта шуд.
XS
SM
MD
LG