Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Ҳинду Покистон крикет тамошо мекунанд


India -- ICC Cricket World Cup semi-final match between India and Pakistan in Mohali, 30Mar2011
India -- ICC Cricket World Cup semi-final match between India and Pakistan in Mohali, 30Mar2011

Имрӯз дар шаҳри Моҳалии Ҳиндустон сарвазирони Ҳиндустону Покистон қуваозмоии ниманиҳоии Ҷоми Ҷаҳонии крикет миёни варзишгарони ин ду кишварро ҳамроҳ тамошо хоҳанд кард. Баъди ҳамлаи террористони мустақар дар Покистон, ки моҳи ноябри соли 2008-ум дар шаҳри Мумбай ба вуқӯъ пайваста, ҳаёти 166 нафарро аз байн бурд, ин аввалин қуваозмоии варзишгарон дар ду кишвари ҳамсоя мебошад.
Сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гилонӣ бо даъвати шахсии сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ ба ин кишвар меравад. Дар арафаи сафар ба Ҳиндустон Гилонӣ гуфт, ки боздидаш аз кишвари ҳамсоя боиси беҳбуди равобит хоҳад шуд. Вале маълум нест, ки дар канори тамошои қуваозмоӣ ду раҳбар музокироте хоҳанд дошт ё не?

Як рӯз пеш аз ин хабар Ҳиндустону Покистон мувофиқат карданд, ки дар ҷараёни таҳқиқи ҳамлаи соли 2008-ум мансабдорони ҳар ду ҷониб аз кишварҳои ҳамдигар зиёрат кунанд.

XS
SM
MD
LG