Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Шояд ИМА ба мухолифини Қаззофӣ силоҳ диҳад


U.S. -- President Barack Obama speaks about the conflict in Libya during an address at the National Defense University in Washington, DC, 28Mar2011
U.S. -- President Barack Obama speaks about the conflict in Libya during an address at the National Defense University in Washington, DC, 28Mar2011

Президенти ИМА Барак Обама дар Вашингтон гуфтааст, ки шояд ИМА дар Либия мухолифини ҳукумати Муаммар Қаззофиро бо силоҳ таъмин кунад. Аснои сӯҳбат бо телевизиони амрикоии NBC-TV Обама иброз дошт, ки ба фикри ӯ дар ниҳояти амр зери фишори байналмилалӣ Қаззофӣ барканор хоҳад шуд. Рӯзи сешанбе дар Лондон дар як нишасти байналмилалӣ бахшида ба сарнавишти минбаъдаи Либия мувофиқат ҳосил шуд, ки бо ҳадафи эҳёи назму суботи ин кишвари Африқои Шимолӣ ва муҷозоти Қаззофӣ як гурӯҳи тамос ташкил шавад. Вазири умури хориҷии Британия Вилям Ҳейг гуфт, ки Гурӯҳи Тамоси Либияро кишвари Қатар сарварӣ хоҳад кард. Дар ҳамлаи ахири нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ болои Либия амборҳои аслиҳаи гирду атрофи пойтахти Либия мавриди оташи 22 мушаки Томаҳавк қарор гирифтанд. Дар ин байн тибқи гузоришҳои ахир рӯзи сешанбе нерӯҳои Қаззофӣ пешрафти мухолифинро мутаваққиф намуда, дар баъзе самтҳо онҳоро ба ақибнишинӣ водор кардаанд.

XS
SM
MD
LG