Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои Қаззофӣ наздик аст?


Ширкатдорони конфаронси Лондон эълом доштанд, ки дар Либияи оянда барои Муаммар Қаззофӣ ҷой нест.

Талошҳо барои муайян намудани фардои Либия аз ин ба баъд аз сӯи Гурӯҳи тамос ҳамоҳанг мешаванд. Дар ин бора дар поёни конфаронси байнулмилалӣ дар Лондон тасмим гирифта шуд.

Дар нишаст намояндагони тақрибан 40 кишвар ва созмонҳои гуногун, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Паймони НАТО ва Лигаи кишварҳои араб ширкат ва масоили марбут ба қазияи Либияву фардои онро баҳсу баррасӣ карданд.

ҚАТАР ГУРӮҲИ ТАМОСРО САРВАРӢ МЕКУНАД

Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё ба хабарнигорон гуфт, ки гурӯҳи тозатаъсис нишасти аввали худро ба зудӣ дар Қатар баргузор мекунад. Зимнан, ин кишвари арабӣ дар марҳалаи аввал сарварии Гурӯҳи
Либия ҷониби ҷанг меравад ё сӯи мусолиҳа?
тамосро бар дӯш хоҳад дошт.

Дар нишасти Лондон таъкид шуд, ки ягон кишвар намехоҳад иродаи худро болои мардуми Либия таҳмил кунад. Дар арафаи конфаронс Холид Қоим, муовини вазири умури хориҷии Либия, дар робита ба мавзӯъи баҳси конфаронс ба аҳли нишаст ёдрас карда буд, ки фақат мардуми Либия ҳаққи интихоби фардои кишвар дорад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, аҳли нишаст омодагии худро барои татбиқи қатъномаи Шӯрои амниятии СММ оид ба Либия изҳор намуданд ва бори дигар эълом доштанд, ки режими Муаммар Қаззофӣ машрӯъияти худро аз даст додааст.

КОНФАРОНС ШАККУ ТАРДИДРО АЗ БАЙН БУРД

Аз нигоҳи таҳлилгари масоили минтақаӣ Алиризо Нуризода, муҳимтарин бардошти нишаст ин аст, ки ҷомеъаи ҷайнулмилалӣ ва ҷаҳони араб барои аз мақом рафтани Муаммар Қаззофӣ мувофиқат карданд. “Агар то нишаст дар ин бора шакку тардиде вуҷуд дошт, конфаронс он ҳамаро аз байн бурд”, мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ меафзояд, кишварҳое чун Олмон, Русия ва Италия, ки чандон хоҳиши сӯҳбат аз истеъфои Қаззофиро надоштанд, дар нишасти ахир тақозои вазъ барои аз мақом рафтани раҳбари Либияро иқрор карданд.

“Яъне онҳо ҳам ба натиҷае расиданд, ки баъд аз кушторҳои ахир дар Либияи оянда барои Қаззофӣ ҷой нест”, изҳор намуд Алиризо Нуризода.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, суоли сари забони аҳли нишаст ин буд, ки барои хуруҷи Қаззофӣ аз қудрат чӣ роҳе метавон пайдо кард?

ҚАЗЗОФӢ БА ДОДГОҲ КАШИДА МЕШАВАД?

Алиризо Нуризода мегӯяд, ИМА, Бритониё ва Фаронса, ки баъд аз шурӯъи ҳаводиси Либия хостори истеъфои Қаззофӣ шудаанд, барои пайгарди қонунии Қаззофӣ талош надоранд, “вале агар миллати Либия баъдан хост, ки ӯро ба додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти башарӣ бикашад, ин ҳаққи миллат Либия аст”.


Амрико ва ҳампаймонҳояш, аз нигоҳи мусоҳиби мо, барои боздошти Қаззофӣ талош нахоҳанд кард. Онҳо мустақиман алайҳи макони буду боши ӯ амалиёти низомӣ ҳам анҷом доданӣ нестанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Алиризо Нуризода хатаре мавҷуд аст, ки бар асари даргириҳо Либия ду қисмат шавад ва ҷонибдорони Қаззофӣ дар минтақае ҷойгир шуда муқовиматро идома диҳанд.

Мусоҳиби мо ба хатари дигар – тахриби чоҳҳои нафти Либия аз сӯи нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ ҳам ишора кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд муҳимтарин марказҳои истихроҷ ва содироти нафт алҳол дар дасти ошӯбгарон аст ва давлати Қатар ба ёфтани бозор барои нафти Либия иқдом ҳам кардааст, хатари ҳамлаи нерӯҳои Қаззофӣ ба ин марокиз побарҷост. Айни ҳол, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, Қаззофӣ фақат як маркази истихроҷи нафти наздикиҳои Триполиро таҳти назорат дораду халос.

ОШӮБГАРОН БИН-ҶАВОДРО ТАРК КАРДАНД

Ба навиштаи хабаргузориҳо, даргириҳо дар Либия идома доранд. Рӯзи сешанбе нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ шаҳри Бин-Ҷаводро дубора таҳти назорати худ қарор доданд. Аз Мисрата ҳам дар бораи талошҳои нерӯҳои ҳукуматӣ барои забти ин шаҳр хабар мерасад. Раҳбарони мухолифин гуфтанд, ки тайи нӯҳ рӯзе, ки дар Мисрата даргириҳо ҷараён доранд, дасти кам 124 сокини осоишта кушта шудаанд.

Тайи чанд рӯзи ахир нерӯҳои зиддиҳукуматӣ бандарҳои калидии Рас-Лануф, Брега ва Ағейлуро таҳти назорат гирифтанд. Ошӯбгарон барои назорати ин шаҳрҳо баъди он муваффақ шуданд, ки ҳавопаймоҳои эътилофи байнулмилалӣ мавқеъҳои нерӯҳои вафодор ба Қаззофиро бомбодорон намуданд.
XS
SM
MD
LG