Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Шри-Ланкаро аз пой даровард


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ҷавобии дӯстона 29-уми март дар шаҳри Коломбо бар тими миллии Шри-Ланка бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Голҳоро Даврон Эргашев ва Дилшод Восиев (ҳарду бозигарони тими “Истиқлол”) ба самар расонданд.

Се рӯз пеш бозии аввали дӯстона миёни тимҳои миллии Шри-Ланка ва Тоҷикистон дар шаҳри Коломбо бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфта буд (ду голи Тоҷикистонро Иброҳим Рабимов ва Дилшод Восиев заданд).

Бояд тазаккур дод, ки тими миллии футболи Тоҷикистон пас аз сабқати гурӯҳии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё дар Ҷазоири Молдив, ҳангоми бозгашт ба ватан дар пойтахти Шри-Ланка ду бозии дӯстона анҷом дод.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони тоҷик дар сабқати гурӯҳи “С” баъди ду пирӯзӣ бар тимҳои миллии Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ва Камбоҷа бо ҳисоби 3:0, бозии охиринро бо тими мизбон – Ҷазоири Молдив бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол ба анҷом расонданд.

Тимҳои Ҷазоири Молдив ва Тоҷикистон 7-имтиёзӣ ба даст оварданд. Вале мизбонон аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо (6-1) дар ҷои якум ва Тоҷикистон (4-0) дар ҷои дуввум қарор гирифтанд.

Ҳамин тариқ аз гурӯҳи “С” дастаҳои Тоҷикистон ва Ҷазоири Молдив ба сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC, ки соли 2012-ум доир мешавад, роҳ ёфтанд. Вале тимҳои Қирғизистону Камбоҷа аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуданд.

Ғолиби Ҷоми даъвати AFC-2012 ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

Воқеъан, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон (соли 2006), Ҳиндустон (2008) ва Кореяи Шимолӣ (2010) барандагони Ҷоми даъвати AFC гардидаанд.
XS
SM
MD
LG