Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паколлӣ ба Додгоҳи Қонуни асосӣ итоат мекунад


Раисиҷумҳури Косово Беҷет Паколлӣ изҳор намуд, ки ба тасмими Додгоҳи Қонуни асосии кишвар итоат мекунад.

Дирӯз Додгоҳи Қонуни асосии Косово интихоби Паколлӣ дар мақоми раисиҷумҳурро ғайриқонунӣ эълон кард. Имрӯз матни пурраи қарори Додгоҳи Қонуни асосӣ нашр хоҳад шуд.

Ҳанӯз маълум нест, ки Паколлӣ билофосила ба истеъфо меравад ваё дар парлумон раъйдиҳии такрорӣ оид ба номзадии ӯ сурат мегирад.

Ариза дар бораи ғайриқонунӣ интихоб шудани Паколлӣ аз сӯи мухолифин ба Додгоҳи Қонуни асосӣ ирсол шуда буд. Мухолифин изҳор намуданд, ки далелҳои зиёди қонуншиканӣ дар ҷараёни овоздиҳӣ ба номзадии Паколлӣ дар парлумонро ошкор кардаанд.

Ёдовар мешавем, моҳи сентябри соли гузашта раисиҷумҳури пешини Косово Фатмир Сейдиу бо далели он ки бар хилофи қонун раҳбарии ҳизби сиёсиро низ бар ӯҳда дошт, бо қарори Додгоҳи Қонуни асосӣ аз мақомаш барканор шуда буд.
XS
SM
MD
LG