Пайвандҳои дастрасӣ

Мусаллаҳони "Ал-Қоида" бо ошӯбгарони Либия пайвастаанд?


Миёни ошӯбгарон дар Либия шояд гурӯҳҳои хурди мусаллаҳони «Ал-Қоида» ва «Ҳизбуллоҳ» низ бошанд.

Адмирали амрикоӣ Ҷеймс Ставридис, фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Аврупо, дар ин бора зимни суханронӣ дар Сенати ИМА ҳадс зад.

Ба гуфтаи ӯ, Паймони НАТО ҳайати гурӯҳҳои ошӯбгари Либияро ҷиддан меомӯзад ва аммо то имрӯз, афзуд адмирал, хадамоти истихборотӣ таъсири ифротгароҳо ба мухолифини Қаззофиро тайид накардаанд.

Қарор аст, ки аз имрӯз НАТО раҳбари нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ дар Либияро бар ӯҳда бигирад.
XS
SM
MD
LG