Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони Либияро гурӯҳи тамос баррасӣ мекунад


Дар конфаронси байнулмилалӣ дар Лондон дар бораи таъсиси гурӯҳи тамос тасмим гирифта шуд, ки ба мавзӯъи ҳалли бӯҳрони сиёсӣ дар Либия машғул мешавад.

Вилям Ҳейг, вазири умури хориюии Бритониё гуфт, ки гурӯҳи тамос нишасти аввали худро дар Қатар баргузор хоҳад кард. Зимнан, Қатар дар марҳалаи аввал раёсати ин гурӯҳро бар дӯш хоҳад дошт.

Дар конфаронси Лондон оид ба бӯҳрон дар Либия намояндагони тақрибан 40 кишвар ва созмонҳои гуногун, аз ҷумла, СММ, НАТО ва Лигаи кишварҳои араб ширкат доштанд.

Дар нишаст таъкид шуд, ки касе намехоҳад иродаи худро болои мардуми Либия таҳмил кунад.

Аҳли нишаст омодагии худро барои татбиқи қатъномаи Шӯрои амниятии СММ оид ба Либия изҳор намуданд ва бори дигар эълом доштанд, ки режими Муаммар Қаззофӣ машрӯъияти худро аз даст додааст ва барои нақзи ҳуқуқи башар дар кишвар бояд ҷавоб бигӯяд.
XS
SM
MD
LG