Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Тикрит, воқеъ дар шимоли Ироқ, ҳангоми аз сӯи афроди мусаллаҳ забт намудани бинои шӯрои вилояти Салоҳиддин 58 нафар кушта ва тақрибан сад тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба гуфтаи мақомот, миёни қурбониёни ҳодиса дасти кам се вакили маҷлиси маҳаллӣ низ ҳастанд.

Мусаллаҳон мардуми дохили биноро чанд соат гаравгон гирифта буданд. Баъд аз шурӯи амалиёти хадамоти амниятӣ ифротгароҳо аз норинҷакҳо, мошинҳои ҳомили маводи тарканда истифода бурданд. Чанд нафари онҳо худро таркониданд.

Мақомоти Ироқ масъулияти ин ҳамларо бар дӯши шабакаи «Ал-Қоида» вогузоштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG