Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон дар Лондон гуфт, Қаззофӣ "бояд биравад"


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар конфронси байналмиллалии кишварҳои нируманди ҷаҳон дар Лондон гуфт, ҳамла ба нируҳои Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия то замоне идома меёбад, ки Қаззофӣ ҳамаи муқаррароти қатъномаи Шӯроии Амнияти СММ иҷро кунад:

“Амалиёти нируҳои эътилоф то замоне давом меёбад, ки Қаззофӣ ҳамаи моддаҳои қатъномаи 1073-ро иҷро кунад. Яъне амалиёти худро бар зидди шаҳрвандонаш боздорад, нируҳои худро ақиб кашад ва имкон диҳад, ки хадамоту кӯмакҳои башарӣ ба ҳамаи аҳолии Либия бирасад”.

Хонум Клинтон бори дигар мавзеъгирии Амрикоро такрор кард ва гуфт, Қаззофӣ “бояд биравад”.
XS
SM
MD
LG