Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷосусони Эрон дар Кувайт маҳкум ба эъдом шуданд


Имрӯз додгоҳи Куввайт ду марди эронӣ ва як арабро, ки ба як ҳалқаи ҷосусии Эрон тааллуқ доранд, маҳкум ба эъдом кард. Мақомоти додгоҳии Кувайт ҳамчунин гуфтаанд, як мард аз Сурия ва як араби “бешаҳрванд” низ барои ҷосусӣ ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Се нафаре, ки ҳукми қатл гирифтаанд, ҳангоми боздошт дар моҳи маи соли 2010 дар артиши Кувайт хидмат мекардаанд. Араби “бешаҳрванд” сарбози собиқ будааст. Онҳо маълумот дар бораи низомиёни Кувайт ва Амрикоро ҷамъоварӣ ва дар ихтиёри Сипоҳи Посдорони Эрон қарор медодаанд. Аммо Теҳрон рад кардааст, ки ин афрод ҷосусони Эрон набудаанд.
XS
SM
MD
LG