Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти мақомоти ришвахор дар Афғонистон


Имрӯз Додгоҳи олии Афғонистон эълон кард, ки Нуруллоҳ Диловарӣ-мушовири аршади Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури ин кишвар барои ришвахорӣ ва суистифода аз мақом боздошт шудааст. Диловарӣ дуввумин мақоми расмӣ аст, ки дар давоми як ҳафтаи ахир боздошт мешавад. 28-ӯми март Иноятуллоҳ Қосимӣ низ барои истифодаи нодуруст аз маблағҳои иҷтимоӣ муттаҳам дониста шуд. Қосимӣ дар солҳои 2004-2006 дар кобинаи давлати Ҳомид Карзай вазири нақлиёт буд. Вай соли 2004 санадеро дар бораи харидории 4 ҳавопаймо барои ширкати ҳавоии давлатӣ имзо кардааст ва барои ин кор 9 миллион доллар бештар масраф шудааст.
XS
SM
MD
LG