Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад истеъфои ҳукумати Сурияро пазируфт


Ноҷӣ Утрӣ-нахуствазири Сурия бо Аҳмадинежод
Ноҷӣ Утрӣ-нахуствазири Сурия бо Аҳмадинежод
Имрӯз ҳукумати Сурия баъд аз ду ҳафтаи тазоҳуроти эътрозии зиддиҳукуматӣ истеъфои худро эълон кард. Дар ин тазоҳурот дастикам 60 нафар кушта шудаанд. Телевизиони давлатии Сурия хабар дод, ки Башор Асад-раиси ҷумҳури ин кишвар истеъфои ҳукумати Ноҷӣ Утриро пазируфтааст. Эълони истеъфо дар ҳоле садо додааст, ки дар саросари кишвар бо иҷозаи давлат ва ба ҳимоят аз раиси ҷумҳур тазоҳурот баргузор шудааст ва дар он ҳазорон нафар ширкат кардаанд. Интизор меравад, ки Башор Асад дар 24 соати оянда ба мардуми кишвараш паём фиристад.
XS
SM
MD
LG