Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ дар ҳамлае 10 нафар кушта шуд


Имрӯз дар натиҷаи ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба идораи ҳукумати вилоятӣ дар шаҳри Тикрити Ироқ 10 нафар, аз ҷумла корманди полис ва шаҳрвандон кушта шудаанд. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ҳамлакунандагон ҳангоми ҳамла ба бинои вилоятии Салоҳуддин аз мошини бамгузоришуда, камарбандҳои мунфаҷира ва аз бамҳои дастӣ истифода кардаанд. Онҳо ҳамчунин чанд нафарро гаравгон гирифтаанд. Нируҳои амниятӣ талош кардаанд ба бино ворид шаванд ва гаравгононро озод кунанд.
XS
SM
MD
LG