Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов мегӯяд, зерҳимояташ ва хешовандони ӯ таҳти фишор қарор гирифтаанд.

Додситонии ноҳияи Ашти вилояти Суғд алайҳи хабарнигори маҳаллии "Нури зиндагӣ" бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ба шумули "тамаъҷӯӣ" парванда боз карда, чаҳор моҳ инҷониб ӯро дар боздошт нигоҳ медорад.
Додситонӣ Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба ҷуз "тамаъҷӯӣ", аз рӯи 3 банди дигари Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ ва маҳалгароӣ, паст задани шаъну шарафи инсон, таҳқир ва тӯҳмат аз тариқи васоити ахбори умум низ айбдор кардааст...


НИГАРОНИИ ВАКИЛИ ДИФОЪ

Боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳаллии "Нури зиндагӣ" дар ноҳияи Ашт дар пайи нашри мақолаҳои интиқодӣ дар бораи фаъолияти мақомоти маҳаллӣ чаҳор моҳ қабл сурат гирифта буд.
Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои Исмоилов, ки ахиран бо зерҳимояаш мулоқот кардааст, ба радиои "Озодӣ" гуфт, тафтиши парванда бо фишор болои зерҳимояаш ва хешованди вай ҷараён мегирад.

Хонум Ҷӯраева афзуд: "Ба Исмоилов аз рӯи банди "тамаъҷӯӣ" тӯҳмат карда истодаанд. Зерҳимояам соли 2009 хона месозад ва аз як ҷияанаш чанд дона тахта мегирад. Он ҷиянаш дар ҳукумати маҳаллӣ кор мекардааст ва кормандони ҳукумат таҳти фишор ӯро маҷбур кардаанд, то ӯ даъво кунад, ки Муҳаммадюсуф он масолеҳро аз вай бо роҳи "тамаъҷӯӣ" гирифта буд."

"ТАМАЪҶӮӢ", ТАҲҚИРУ ТӮҲМАТ...

Хонум Ҷӯраева афзуд, Муҳаммадюсуф Исмоиловро фишор болои ӯву хешовандаш дар ҷараёни тафтиши парванда нигарон кардааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ин вакили дифоъ, банди "тамаъҷӯӣ" ба гунаҳкори ин ҷурм то 10 сол зиндон пешбинӣ мекунад.

Замони тафтиши парванда, хабарнигори "Нури зиндагӣ" ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Додситонӣ Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба ҷуз банди "тамаъҷӯӣ", аз рӯи 3 банди дигари Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ ва маҳалгароӣ, паст задани шаъну шарафи инсон, таҳқир ва тӯҳмат аз тариқи васоити ахбори умум низ айбдор кардааст.

Замони боз кардани парванда, манобеи наздик ба додситонии Ашт гуфта буданд, ки дар мақолаҳои худ Муҳаммадюсуф Исмоилов фаъолияти ғайриқонунӣ ва номуассири чанд мансабдори маҳаллиро шадидан интиқод ва бо ин роҳ шаъни онҳоро паст задааст.

ВОКУНИШҲО БА БОЗДОШТИ ХАБАРНИГОР

Вале дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд, аз додситонии Ашт ба радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки муфаттиши парванда машғули бозпурсии шоҳидон аст ва вақт надорад бо хабарнигорон сӯҳбат бикунад.

Муҳаббат Ҷӯраева мегӯяд, муфаттиш ба гуфтааст, ки тафтиши парвандаҳои зиёдро ба ӯҳда дорад ва наметавонад таҳқиқи парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоиловро то ду моҳи дигар ба анҷом бирасонад.

Боздошти хабарнигори "Нури зиндагӣ" вокуниши густардаеро дар маҳофили рӯзноманигории Тоҷикистон ва ҷаҳон ба дунбол дошт.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Амрико, созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, як гурӯҳи байналмилалии ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ боздошти хабарнигорро посухи мақомоти маҳаллӣ ба матолиби интиқодии ӯ номиданд ва ба раҳоии ӯ даъват карданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG