Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи таҷдиди назар мӯҳлати ҷазои Муҳаммадризо ва Саидмуҳаммад Зиёевҳоро 15-солӣ кам кард.

Санавбар Холова, узви ҳайати Додгоҳи таҷдиди назари Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" хабари мазкурро тасдиқ кард.
Додгоҳ ин афродро бо иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳои шарқи Тоҷикистон ва ҳамдастӣ бо гурӯҳи Неъмат Азизов ва Мирзо Зиёев дар тобистони соли 2009 аз озодӣ маҳрум карда буд...


Вай афзуд, ки пас аз расидани эътироз ба раёсати Додгоҳи олӣ, ин парванда бозрасӣ шуда, давраи гузаронидани ҷазои Муҳаммадризо Зиёев ва Саидмуҳаммад Зиёев, фарзандони собиқ вазири ҳолатҳои изтирорӣ, 15-солӣ коҳиш дода шуд.

Бино ба иттилои Додгоҳи олӣ, тақрибан ба ҳамаи афроде, ки шомили парвандаи ҳаводиси Тавилдара буданд ва ба солҳои мухталиф аз озодӣ маҳрум шуда буданд бознигарӣ сурат гирифтааст.

Мирзо Зиёев
Аз ҷумла, ду нафари онҳо ба шумули Абдусамад Зиёев, бародари вазири собиқи ҳолатҳои изтирорӣ Мирзо Зиёев ва Маҳсиддин Муҳиддинови 66-сола озод шудаанд. Дар миёни ин афрод, ки мӯҳлати ҳукми онҳо коҳиш ёфтааст, як шаҳрванди Русия низ мебошад.

Ин афрод бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи августи соли гузашта маҳкум шуда буданд.

Додгоҳ ин афродро бо иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳои шарқи Тоҷикистон ва ҳамдастӣ бо гурӯҳи Неъмат Азизов ва Мирзо Зиёев дар тобистони соли 2009 аз озодӣ маҳрум карда буд. Аз ҷумла, фарзандони Мирзо Зиёев Саидмуҳаммад ба мӯҳлати 29 сол ва Муҳаммадризо ба муддати 30 сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG